Рашҳаи Исфаҳонӣ
Рашҳаи Исфаҳонӣ (форсӣ: رَشحۀ اصفهانی), Бегим (форсӣ: بیگم; ? — 1789, Қум, Эрон) — шоираи форс-тоҷик, духтари Ҳотифи Исфаҳонӣ[1].
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАз хонадони аҳли қалам — шоирон. Аҷдодаш аз Урдубоди Озарбойҷон буда, дар аҳди Сафавиён аввал ба Исфаҳон, баъдан ба Кошон рафта, муқимӣ шудаанд. Дар тазкираҳои бисёре аз қабили «Нуқли маҷлис», «Тазкирату-л-хавотин», «Нигористони сухан» ва ғайра аз Рашҳа чун шоираи бомаҳорату соҳибтабъ маълумот дода шудааст. Девоне шомили 3 ҳазор байт дар замони барҳаёт буданаш таҳия карда будааст.
Байти зерин аз ӯст:
Изтиробам зери теғаш не зи бими куштан аст.
Шавқи теғи ӯст, тоб аз ҷони ширин мебарад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ گنجور » رشحه. ganjoor.net. 22 июни 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Бегим / У. Назиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.