Раънои Зоирдухт
Раънои Зоирдухт — шеърнависи тоҷик. Узви Конфедератсияи байналмиллалии рӯзноманигорон ва аз декабри соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Таърихи таваллуд: | 15 декабр 1961 (62 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | Истаравшан |
Зиндагинома
вироишРаънои Зоирдухт 15 декабри соли 1961 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи мактаби №20 мебошад. Хатмкардаи техникуми савдои шаҳри Тошканд (бо ихтисоси молшиноси молҳои саноатӣ) ва алъон хатмкунандаи факултаи суханшиносии ДДХ ба номи Б. Ғафуров мебошад. Узви Конфедератсияи байналмиллалии рӯзноманигорон ва аз декабри соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Раиси бахши Бунёди забони тоҷикии шаҳрро ба уҳда дорад.
Эҷодиёт
вироишРаънои Зоирдухт шеъри аввалгуфтаашро ҳини таҳсил дар синфи ҳафтум аз тариқи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» чоп гардид. Нигоштаҳояш дар рӯзномаҳои «Паёми Истаравшан», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», «Чархи гардун», «Минбари халқ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), «Истиқбол» ва «Хуҷанд» ба табъ расидаанд. Ба мухлисон маҷмӯаҳои «Гули толеъ» ва «Духтари субҳ»-ро тақдим намудааст. Ба истиқболи ҷашнҳои таърихии кишвар бо маблағгузории Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯаи сеюми Раъно таҳти унвони «Валодати эҳсос» дар нашриёти «Адиб» аз чоп баромад. Бо кӯшиш ва ташаббуси ӯ бо маблағгузории дӯстони форсизабони Урупо, Раиси анҷумани «Рӯдакӣ» доктор Масъуд Миршохӣ, Обтин Сосонфар ва Меҳрафзун Сосонфар дар шаҳри Истаравшан Фарҳангсарои ориёи бунёд гардид. Бо тахаллуси Моҳ низ шеър мегӯяд.
- Тоҷикистон
- Гули хушрангу зебоӣ ба олам,
- Зи ту нозад дилу ақлу руҳу ҷон.
- Зи хоки ту бирӯяд сабзаи шеър,
- Замини файзборам, Тоҷикистон!
- Зи Рӯди Рӯдакам ояд ба гӯшам,
- Суруди нотамоми қалби шоир.
- Камоли шеър омӯзам, биёям,
- Нишинам гар даме дар соҳили Сир.
- Ҳаким Носир ба ҳар сатри қасида,
- Ҳамегӯяд санову мадҳ моро:
- «Зиҳӣ, гаҳвораи таъриху фарҳанг!»
- Шунида аҳли олам ин нидоро.
- Ҳамедорад забон дар каффаи хеш,
- Сифоти Суғду Хатлону Зарафшон.
- Шавад рӯшан зи чашмат чашми таърих,
- Бимирам ман ба номат, Истаравшан!
- Китоби «Тоҷикон»-ро карда оғӯш,
- Тафохур мекунад Алломаи мо,
- Дар ин кишвар бидонад Айнӣ акнун,
- Намемонад «Ятим»-аш зору танҳо.
- Ба пеши пои Мирзо бо муҳаббат,
- Кунад бисмил чаҳорпои ҳисорӣ.
- Ҳасан гӯяд Садафро «Ҷони ширин»,
- Диҳад як даста гулҳои баҳорӣ.
- Қаноатпеша Мӯминшоҳи фозил,
- Намебардошт ҳаргиз нози мансаб.
- Пайи ашъори гирову гуворо,
- Маъонӣ шуд варо устоду мактаб.
- Битобад дар самои шеъри имрӯз,
- Маҳу хуршеди ҳарфи Лоиқи мо.
- Даме бошад чу ӯ дар «Хонаи чашм»,
- Шавад як лаҳза меҳмон ошиқи мо.
- Чу Исмоил таҳамтан пури Раҳмон,
- Ба тоҷик фатҳу иқбол ҳадя овард.
- Зи истиқлолу ҳамраъйиву ваҳдат,
- Фазои миллати моро дигар кард.
- Ватан, эй маскани ҷонпарвари ман,
- Шукӯҳу давлатат поянда бошад!
- Ту оғози тамоми орзуҳо,
- Шуҷоатпешагонат зинда бошад!
- Лафзи Дарӣ
- Эй, ту ширинӣ ба сони ангубин,
- Эй, ту кони панду андарзи ниё.
- Эй, ту ҷонамро бубахшоӣ сурур,
- Эй, ту мероси бузурги Ориё.
- Ҳама кас толиби наззораву дидори ман аст,
- Ошиқи қомату ҳусну қаду гуфтори ман аст.
- Завқи мо гар написандад амали бадаҳдӣ,
- Ифтиро, ҳарзаи пуч аз пайи гуфтори ман аст.
- Ҳарфи бадгӯй кунад хонаи қалбам тира,
- Алами гӯш макун, лутф сазовори ман аст.
- Дару дарвозаи шаҳри дили мо боз ба туст,
- Соҳиби дил шуда о, он тарафаш кори ман аст.
- Истаравшан маҳали тоҷиру савдову фурӯш,
- Ҳусн кам гашт магар, ҷумла харидори ман аст.
- Тарки фанд металабад ойини эҳсоси вуҷуд,
- Ҳазар аз фанд кунад ҳар, ки хаводори ман аст.
- Меравад ҳавдаҷи ҳуснам ба хиёбони хазон,
- Ҳазрати Вақт магар аз пайи озори ман аст.
- Пуштибон баски надорам ба бинои уммед,
- Бим дар тирагӣ не, Моҳ нигаҳдори ман аст.
- Обилаи ғами туро дар таҳи пойи ҷон кунам,
- Зери ниқоби хандаам сӯзи варо ниҳон кунам.
- Ду ракати намози ишқ хонам агар ба ёди ту,
- Аз талабу вафои ғайр, биллаҳ ки алъамон кунам.
- Ахтару моҳи ҳар шабам, ишқи ту буда мазҳабам
- Бе ту чиҳил шуда табам, сабр бигӯ, чӣ сон кунам
- Рост бигӯ, ки дидаи чак-чаки оби чашми ток,
- Ҳосили шодӣ медиҳад, чашм чу хунфишон кунам.
- Лаб, ки ба ҳасрати талаб, пеши касон бубастаам,
- Хӯшаи ёди ту бас аст, шукр ба ними нон кунам.
- Рафт хумори ошиқӣ, рав ту дигар наё, наё,
- Шарм зи мастӣ мекунам, қуфл дари забон кунам.
Эзоҳ
вироишБаёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.