Раъно Абдушукуровна Ибрагимова (тав. 29.12.1977, шаҳри Хуҷанд) – омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Раъно Ибрагимова
Раъно Абдушукуровна Ибрагимова
Таърихи таваллуд 29 декабр 1977(1977-12-29) (46 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филолог
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер (Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров)

Зиндагинома

вироиш
  • Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст. Ихтисос, омӯзгори забони англисӣ ва олмонӣ.
  • Солҳои 1999 – 2005 – муаллимаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ
  • Солҳои 2004 – 2008 – аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2009 – 2011 – сармуаллимаи кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ
  • Солҳои 2011 – 2014 – мудири кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2014 - 2016 – дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Аз соли 2016 то ҳол – мудири кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ.[1]