Раъно Иркаева
Раъно Иркаева - нависандаи ӯзбекзабон, омӯзгор. Аълочии маданияти ҶШС Тоҷикистон (1988). Ҷонишини директори Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар шаҳри Ғафуров, вилояти Суғд.
Раъно Файзиевна Иркаева | |
Таърихи таваллуд: | 1 январ 1942 (82 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Бойсун, вилояти Сурхондарё |
Навъи фаъолият: | омӯзгор, нависандаи ӯзбекзабон |
Зиндагинома
вироишРаъно Файзиевна Иркаева, 1 январи соли 1942 дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дар солҳои 1966-1976 дар мактабҳои шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Солҳои 1976-1996 дар китобхонаи ҷумҳуриявии бо номи А. Фирдавсӣ дар Душанбе дар вазифаи мудири шуъбаи матбуоти даврӣ фаъолият дошт. Аз соли 1996 то имрӯз Раъно Иркаева ҷонишини директори Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Раъно Иркаева ҳамроҳи шавҳараш профессор Ҳабибулло Холҷӯраев ташаббускори бунёд кардани Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Осорхонаи табиат дар шаҳри Ғафурови, вилояти Суғд мебошад.
Эҷодиёт
вироишЭзоҳ
вироиш- Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. – 956 с.;
- Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016;
- ӯзбекӣ: Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;