Рақами мушаххаси андозсупоранда

Рақами мушаххаси андозсупоранда (РММ) — чунин рақамҳое мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупорандагон ва агентҳои андоз дода мешаванд, ки онҳо бояд барои мақсадҳои гирифтани ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ба андоз баробаркардашуда истифода бурда шаванд. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд, ки рақами мушаххаси худро дар декларатсияи андоз, ҳисобнома - фактураҳо, муросилот бо мақомоти андоз ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон диҳанд.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 392