Рақобат
Рақиб — тарафи шартнома дар муносибатҳои гражданӣ.
Рақобат — мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд (б.1 зербанди 5 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» аз 29 ноябри соли 2000). Дар бозор ду намуди рақобат амал менамояд: нархӣ ва ғайринархӣ. Ба воситаи рақобати нархӣ фурӯшандаҳои молҳо ва хидмат ба истеъмолкунандагон бо роҳи пасту баланд намудани нарх таъсир мерасонанд. Рақобати ғайринархӣ ҳамчун омили талаботи истеъмолӣ ба молҳо ё хидмат боиси паст гардидани нарх мешавад ва қувваро барои кашонидан, бастан, бурдани мол, хидматрасонӣ ва ғайра равона менамояд. Рақобат мубориза барои сазовор шудан ба натиҷаҳои беҳтарин аст; мубориза байни молҳо барои шароити беҳтаринро сазовор шудан дар соҳаи хариду фурӯши мол, барои гирифтани фоидаи аз ҳама зиёд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393