Раққосак
Раққосак, ҷисми сахтест, ки бо таъсири қувваи беруна дар ягон нуқта ё тири сокид мелаппад. Раққосаки математикӣ гуфта нуқтаи матералиеро гӯянд, ки бо таъсири қувваи вазнинӣ ҳаракати лаппанда мекунад. Бори вазнине, ки андозаҳояш ба ҳадди кофӣ хурданду ба ресмоне овехта шудааст, мисоли раққосаки математикӣ мебошад. Даври лаппиши раққосаки математикӣ T=2п реша I/g, инҷо I — дарозии ресмон, g — тезшавии афтиши озод. Раққосаки физикӣ ҷисми сахте буда, аз таъсири қувваи вазнинӣ дар атрофи тири уфуқии соките мелаппад, ки аз вазнинии ҷисм намегузарад. Даври лаппишҳояш барои амплитудаҳоихурд T=реша I/mgI, ки дар ҳн I — моменти инертсияи ҷисми мазкур, m — массаи ҷисм, d — масофаи маркази вазнинӣ вай то тири чархзанӣ. Хосиятҳои раққосакро дар соатҳо ва як қатор асбобҳои дигар истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишҲамчунин нигаред
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |