Раҳима Мансуровна Шарипова (зод. 27.09.1941, Душанбе) — номзади илмҳои физика ва математика (1981), дотсент (1991).

Раҳима Шарипова
Раҳима Мансуровна Шарипова
Таърихи таваллуд 27 сентябр 1941(1941-09-27) (83 сол)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Соли 1963 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1968—1971 аспиранти шуъбаи математикаи Институти физикию техникии ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон буд. Солҳои 1971—1996 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев кор карда, 1988—1996 вазифаи мудири кафедраи номбурдаро ба уҳда дошт. Оид ба масъалаҳои канории муодилаҳои дифференсиалии ниҳодвайрон кори илмӣ анҷом дода, ду васоити таълимӣ ва зиёда аз 26 мақолаҳои илмию методӣ нашр кардааст. Дар симпозиуму конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ (Алма-Ато, Ашқобод, Иркутск, Ленинград, Душанбе, Новосибирск) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Айни ҳол ба нафақа баромадааст.

Пайвандҳо

вироиш