Раҳимбердӣ Алиқулов

Раҳимбердӣ Каримқулович Алиқулов (тав. 13.09.1955, деҳаи Сурхии ноҳияи Истаравшан) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1991), дотсент (1998). Соли 1977 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1989–1991 дар аспирантураи донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1998–2009 дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо, ҳамзамон 2001–2005 мудири кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2009 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.

Раҳимбердӣ Алиқулов
Раҳимбердӣ Каримқулович Алиқулов
Таърихи таваллуд 13 сентябр 1955(1955-09-13) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ математика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Пайвандҳо

вироиш