Раҳим Ниёзматов
Раҳим Темурович Ниёзматов (тав. 16.02.1956, ш. Душанбе), олим, номзади илмҳои педагогӣ (2000), дотсент.
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии ш. Самарқанд |
Зиндагинома
вироишСоли 1979 факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии ш. Самарқанд ба номи В.В. Куйбышевро хатм кардааст. Солҳои 1979–1991 муаллими педагогика ва психологияи Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Конибодом, 1991–1995 аспиранти кафедраи педагогикаи умумӣ, 1995–2002 муаллим, муаллими калон, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ аст, ки дар нашрияҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд.