Раҳматулло Сатторов

Раҳматулло Сатторов — биолог, доктори илмҳои кишоварзӣ (2017), профессои кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011)

Сатторов Раҳматулло Бобоевич
Таърихи таваллуд 8 январ 1959(1959-01-08) (65 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кишоварзишиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Раҳматулло Сатторов 08.01.1959 дар ноҳияи Исфара, вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Биолог, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984). Ихтисосаш биолог-ботаник. Пас аз хатми Донишгоҳ солҳои 1984 -1987 аз рӯи тақсимот дар мактаби миёнаи рақами №34-и ноҳияи Кубодиёни вилояти Қӯрғонтеппа ба сифати муаллими биология ва химия кор кардааст. Аз соли 1987 то 2001 дар Иттиҳодияи илми истеҳсолии «Тоҷикаэрокосмогеодезия» аз ходими хурди илмӣ то ходими калони илмӣ ва аз соли 2002 то 2003 ба сифати котиби илмии Маркази илмии «Тоҷиккоинот» кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2003 ин ҷониб дар кафедраи ботаникаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, дар вазифаи дотсент кор мекунад. Мудири кафедраи ботаника аз моҳи августи соли 2016. Соли 1995 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Растаниҳои қаторкӯҳи Қаротегин ва масъалаҳои тартиб додани харитаҳои наботот дар асосӣ аксҳои кайҳонӣ» дифо намудааст. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи ҶТ» (2011). Муаллифи зиёда аз 72 мақолаҳои илмӣ, монография ва дастурҳои талимӣ мебошад, ки ба масъалаҳои геоботаника, набототшиносӣ ва флористика бахшида шудаанд.[1]