Раҳматулло Ҳошимов
Раҳматулло Ҳошимов (Ҳошимов Раҳматулло Одинаевич; 13 августи 1960, деҳаи Нимдара, ноҳияи Шӯрообод) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2013), Ҳофизи халқии Узбекистон (2024)[1].
Таърихи таваллуд | 13 август 1960 (64 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб,ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2013) Ҳофизи халқии Узбекистон (2024) |
Зиндагинома
вироишРаҳматулло Ҳошимов 13 августи соли 1960 дан ноҳияи Шӯрообод дар хонаводаи ҳофизи мардумӣ Одина Ҳошим ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии ш. Кӯлоб (ҳоло ДДОК) аст. Дар макотиби миёнаи зодгоҳ омӯзгорӣ кардааст. Солҳои 1993—1996 сарояндаи Театри давлатии академиӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ, 1997—2005 сарояндаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, аз 2006 сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон мебошад. Санъати хо¬нан¬дагиро аз падараш Одина Ҳошимов омӯхта, ботадриҷ аз тақлид вораст ва сабки хоси худро дарёфт. Бештар аз осори шуарои классикӣ ва муосир, инчунин мероси халқӣ суруд интихоб менамояд. «Дар дил намебояд гирифт», «Лиқоби хомӯшӣ», «Ба ту эй нигоҳи ширин», «Доми каманд», «Афсонаи дил», «Оташи андеша», «Пайванди умр», «Дили вобаста», «Ҷоми ишқ», «Холи сиёҳ», «Санавбар», «Дили вобаста», «Мегузарад», «Овози ошно», «Турки камонабрӯ», «Рафт», «Ишқи ҷо¬вид», «Нишоти андеша» аз беҳтарин таронаҳои иҷрокардааш мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар. asiaplustj.info. ASIA-Plus (18 апрели 2024). 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.