Раҳмат Ёкубович Ҳомидов — (5 марти соли 1912 — 24 январи соли 1994, Хуҷанд), муаррих, номзади илмҳои таърих (1955, дотсент (1962). ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1937) ва мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1945). Омӯзгори фанни математикаи техникумп молиявӣ-иқтисодии Хуҷанд (1934—1935), ассистенти кафедраи физикаю математикаи ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1935—1937). омӯзгор ва мудири шуъбаи таълими омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (1937-42), инструктори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи кумитаи ҲК в. Ленинобод (1943—1944), мудири шуъба, котиби кумитаи ҲК в.Ӯротеппа (1945—1947). котиби кумитаи ҲК в. Ленинобод (1947—1950), директори ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1950—1959), директори омӯзишгоҳи кооперативӣ (1959—1962), дотсент (1962-71). и.в. профессор (1971—1975), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1975—1994). Муаллифи зиёда аз 30 асари илмӣ доир ба таърихи ҲК Тоҷикистон. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаи ШО ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Раҳмат Ҳомидов
Раҳмат Ёкубович Ҳомидов
Таърихи таваллуд 5 март 1912(1912-03-05)
Зодгоҳ ш. Хуҷанд
Таърихи даргузашт 24 январ 1994(1994-01-24) (81 сол)
Фазои илмӣ олим, омӯзгор

Адабиёт

вироиш
  • А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. — 500 с.