Раҳмон Пиров (тав. 3.07.1951, ноҳияи Файзобод) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1984), дотсент (1990), узви вобастаи Шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (2008). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1993)

Раҳмон Пиров
Раҳмон Пиров
Таърихи таваллуд 3 июл 1951(1951-07-03) (73 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1993)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1973 факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ро хатм кардааст. Солҳои 1973–1977 котиби аввали озоди Комитети комсомолии донишгоҳ ва ассистенти кафедраи анализи математикӣ, 1977–1979 муовини декани факултети математикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт оид ба корҳои тарбиявӣ буд. Солҳои 1979–1982 дар аспирантура таҳсил намудааст. Солҳои 1982–1993 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи анализи математикӣ, 1993–1998 мудири кафедраи номбурда, 1998–1999 муовини декани факултети математика оид ба корҳои илмӣ, 2006–2008 сардори шуъбаи таълим ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Оид ба системаҳои барзиёд муайяншудаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ кори илмӣ бурда, муаллифи зиёда аз 170 мақолаю фишурдаҳои илмӣ, илмию методӣ ва якчанд дастурҳои таълимӣ аст. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ (Новосибирск, Киев, Тошкент, Колорадо, Денвер, Душанбе ва ғайра) бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1993), медали «Меҳнати шоён» (2006) ва зиёда аз 20 ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ қадр карда шудааст.

  • Нишондоди методӣ аз анализи математикӣ оид ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1994;
  • Дастури методӣ оид ба муодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ. Қ. 1, 2 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1998;
  • Алгебра (Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 9, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2001;
  • Алгебра ва ибтидои анализ (Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 10, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2005.
  • Об условиях совместности и многообразиях решений некоторих классов переопределенних систем уравнений в частних производних с несколькими неизвестними

функциями». Д., 2021;

  • Алгебра Китоби дарсӣ барои синфи 10. Д., 2017, 2021;
  • Алгебра. Китоби дарсӣ барои синфи 9. Д., 2018, Д., 2020;
  • Назарияи функсияњои таѓйирёбандааш комплексӣ. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Д., 2017;
  • Муодилаҳои дифференсиалӣ. (КТМ). Д., 2017;

Пайвандҳо

вироиш