Раҳосозӣ (филм, 2022)
«Раҳосозӣ» (англ. Emancipation) — филми экшн ва трайлер (таълиқӣ)-и амрикоӣ бо коргардонии Антуан Фукуво, нависандагии Вилиям Кулож ва бо бозигарии Уилл Смит аст.[1]
англ. Emancipation | |
Жанр | триллер[d], филми диром, Филми таърихӣ ва филми экшн |
Коргардон | |
Наворбардор | |
Давомнокӣ | 132 дақиқа |
Мамлакат | |
Забон | инглисӣ |
Сол | 2022 |
IMDb | ID 12530246 |
Ин филм нахустин бор дар 1 октябр 2022 дар Вашингтон намоиш дода шуд. Ҳамин тавр, пахши синмоии маҳдудеро дар 2 декабр 2022 ва сипас дар 9 декабр ба сурати онлайн аз тариқи +Apple TV мунташир шуд.
Достон
вироишҒуломе ба номи Питер пас аз инки тақрибан то ҳадди марг тозиёна зада мешавад, аз мазраъае дар Луизияна аз дасти сайёдон ва одамкушони сангдил фирор карда ва ба самти Иёлоти муттаҳидаи шимолӣ меравад, то дар онҷо ба артиши иттиҳодия пайвандад. Аз мазраъа ғайр аз Питер боз се нафари дигар фирор мекунанд, ки якеро дар канори ботлоқзоре сайёдон кушта, ба тимсоҳон ҳавола мекунанд ва яки дигарро низ бо заҷру ваҳшоният қатл мекунанд, аммо Питер ва ғуломи дигар ҳар кадом бо тариқи гуногун то қароргоҳи артиш мерасанд. Питер то замони пайвастан ба артиши шимолӣ аз ҷониби сайёдони мазраъаи Луизиана таъқиб мешавад ва монеъаҳоиву даҳшатҳоеро паси сар мекунад. Ҳатто дар ҳангоме Питер аз ноилоҷӣ бо тимсоҳ ҷангида, ӯро мекушад. Дар филм боварии беохири инсон ба Холиқи якто ва таслими иродат накардан дар рӯёрӯи ҳар зулму ноадолатӣ хуб таҷассум гаштааст. Ин филм бар асоси достони воқеъии як ғуломи фирорӣ ба номи Гордон сохта шудааст. Аксҳое аз камари бараҳнаи ӯ, ки ба шиддат аз тозиёнаҳои як нозир хӯрда буд, дар саросари ҷаҳон дар соли 1863 мунташир шуд ва ҷунбиши лағви зулми бардагии Амрикоро исбот кард.[2]
Бозигарон
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Dave McNary, Dave McNary. Studios Bidding Big for Will Smith-Antoine Fuqua’s ‘Emancipation’ (en-US). Variety (24 июни 2020). 17 Декабри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Mike Fleming Jr, Mike Fleming Jr. Huge Virtual Cannes Battle: Bids North Of $75 Million On Antoine Fuqua-Will Smith Runaway Slave Tale ‘Emancipation’ (en-US). Deadline (24 июни 2020). 17 Декабри 2022 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 Grobar. Ben Foster, Charmaine Bingwa, Gilbert Owuor & Mustafa Shakir Join Antoine Fuqua's 'Emancipation'. Deadline Hollywood(пайванди дастнорас — таърих) (August 3, 2021). 3 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 Январ 2022.