Раҷаб Муродович Ҳакимов (тав. 22.05.1957, деҳаи Сари-Чашмаи ноҳияи Москва (имрӯза Ҳамадонӣ), сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (1999), дотсент (2005).

Раҷаб Ҳакимов
Раҷаб Муродович Ҳакимов
Таърихи таваллуд 22 май 1957(1957-05-22) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1980–1985 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1985–1989 ассистенти кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи давлатии ш. Кӯлоб, 1990–1993 аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1999–2001 мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишкадаи давлатии ш. Кӯлоб, 2001–2004 мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2005 дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҳамзамон раиси Иттифоқҳои касабаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 2 асари илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ аст. Оид ба масъалаҳои камбизоатӣ ва омилҳои пайдоиши он, низоъшиносӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ корҳои илмӣ ба анҷом расонидааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009) қадр карда шудааст.

Осор вироиш

  • Омилҳои низоъҳои миллӣ ва дохилимиллӣ дар Тоҷикистон, Д., 1999;
  • Гендер чист ва чиро меомӯзад, Кӯлоб, 2000;
  • Муқаддимаи низоъшиносӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2005;
  • Камбизоатӣ ва омилҳои пайдоиши он, Д., 2006;
  • Камбизоатӣ ҳамчун омили низоъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006.

Пайвандҳо вироиш