Риго́р Ива́нович Бороду́лин (беларусӣ: Рыгор Іванавіч Барадулін; 24 феврал 1935[1], Q107352024?, ноҳияи Ушачский[d]2 март 2014, Минск) — шоир ва тарҷумони белорус. Нависандаи халқии Белорус (1992).

Ригор Бородулин
беларусӣ: Рыгор Іванавіч Барадулін
Ном ба ҳангоми таваллуд: беларусӣ: Рыгор Іванавіч Барадулін
Таърихи таваллуд: 24 феврал 1935(1935-02-24)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 март 2014(2014-03-02) (79 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: мақоланавис, тарҷумон, нависанда, шоир, нависандаи кӯдакон, мунтақиди адабӣ
Жанр: байт, шеър[d], ҷустор ва religious poetry[d]
Забони осор: белорусӣ
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
baradulin.by
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии БелоРусия дар муассисаҳои нашаротии «Белорус» ва «Мастаская литература» («Адабиёти бадеӣ»), газетаи «Советская БелоРусия» («БелоРусияи Советӣ»), маҷалаҳои «Бярозка» («Тӯс»), «Полимя» («Шуъла») кор кардааст. Узви ИН Белорусия, узви ПЕН-маркази БелоРусия (солҳои 1990-99 президенти он). Солҳои 1995-97 дар садорати Бунёди Сороси БелоРусия фаъолият дошт. Шеърҳои нахустинаш дар матбуот соли 1953 ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи аввалинаш «Моҳи ҳилол дар саҳро» (1959). Беш аз 20 маҷмӯаи ашъораш, аз он ҷумла «Куллиёт»-аш дар 4 ҷ. ба табъ расидаанд. Мавзӯи аксар шеърҳои Б. васфи дӯстии халқҳо мебошад. Дар мавзӯъ ва инъикоси воқеияти Тоҷикистон шеърҳо дорад: «Бузкашӣ», «Рақси духтари тоҷик», «Ҷавоб ба Файзулло Ансорӣ», «Биё ба диёри Витебск, Қаҳҳорӣ» ва ғ. «Қиссаи полки Игор» (асари адабиёти қадими рус), асарҳои Федерико Гарсиа Лорка, Габриэла Мистрал, рубоиёти Умари Хайём, асарҳои М. Турсунзода, Шекспир, Байрон, Пабло Неруда ва дигаронро ба забони белорусӣ тарҷума кардааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Я. Купала. Бо орденҳои «Дӯстии халқҳо», «Нишони Фахрӣ» ва ғайра сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Бородулин Рыгор Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт

вироиш