Ризоии Бухороӣ
Ризоии Бухороӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти Малеҳо («Музаккиру-л-асҳоб») аз Бухоро буда, дар ҳамон ҷо камол ёфтааст. Ӯ дар шеъру шоирӣ асосан пайрави классикони адабиёти форс-тоҷик буда, чунонки Малеҳо низ таъкид мекунад, «ба тарзи қудамо» ва аксаран дар татаббӯи ашъори Соиб шеърҳои хубу дидписанд месурудааст. Дар ашъораш оҳангҳои рӯҳафтодагию сӯфиёна ҳам дида мешавад. Намунаҳои ашъори Ризоии Бухороӣ дар тазкираи Малеҳо ва маҷмӯаю баёзҳо ба назар мерасанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ризоии Бухороӣ / Ҳ. Самадов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).