Ризо Аббосӣ
Ризои Аббосӣ (форсӣ: رضا عباسی; 1565[1][2], Кошон, Устони Исфаҳон — 1635[1][3], Исфаҳон) — мусаввир, наққош ва хаттоти форс-тоҷик, намояндаи барҷастаи Мактаби минётурии Исфаҳон, фарзандаи Алиасғари Кошӣ.
форсӣ: رضا عباسی | |
Таърихи таваллуд | 1565[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 1635[1][3] |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишБаъд аз Беҳзод машҳуртарин наққош ва мусаввир дониста мешавад. Ризои Аббосӣ пайрави Мавлоно Муҳаммади Ҳиравӣ буда, сабки ӯро эҷодкорона инкишоф додааст. Махсусан дар чеҳрапардозӣ (портрет) моҳир буд ва дар ин бобат ба мусаввироди аврупоӣ тақлид мекард. Фаъолияти эҷодиаш дар Қазвин сар шудааст. Соли 1593 бо таклифи шоҳ Аббоси I ба хизмати дарбор меояд ва сарвари мусаввирони Исфаҳон таъин мегардад. Ризои Аббосӣ бештар дар жанрҳои гуногуни минётур ва портрет асарҳо эҷод кардааст. Ӯ минётурро дар варақҳои ҷудогона офарида, бо ин васила ба офариди замонаш услуби минётурофарии замонаш тағйирот даровард. Минётурҳои офаридаи Ризои Аббосӣ ҳаётӣ буда, симои фард, изтироби ботинӣ ва ҳолоту ҳаракоти ашхос боварибахш ба қалам дода шудааст. Дар портретҳояш ки аз камолоти эҷодиёти ӯ дарак медиҳанд, таъсири натура муҳити зинда бараъло зоҳир мешавад. Бандубаст, рангубор, ритм, таносуби воситаҳои тасвир дар минётурҳои «Ид» (соли 1612), «Шоҳ Аббос ва хони Олам» (1633), «Муйсафед» (1614), «Портрети мард» (1634), «Ҷавони чилимбадаст», «Духтари кала- пӯшаш мӯина» (1602—1603), «Чӯпон» (1634), «Ҷавони кӯзабадаст» ва ғайра бағоят мукаммал баромадаанд. Истифодаи рангҳои гарму сард ва омезиши моҳиронаи онҳо дар эҷодиёти Ризои Аббосӣ мавқеи муҳим дорад. Дар «Ид» рангҳои равшану баланд истифода шуда бошанд, дар «Шоҳ Аббос ва хони Олам» рангҳои камтаъсир ва хира мавқеи асосӣ доранд. Дар минётурҳои «Ҷавони чилимбадаст», «Мард ва чароғ», «Дарвеш Абдулмуталлиб», «Чӯпон» ранг чандон равшану пурдурахш нест. Рассом асосан тобишҳои гуногуни ранги қаҳвагӣ (дорчинӣ)-ро бештар истифода бурда, қисман рангҳои кабуд, нилобӣ, сиёҳ ва зарҳалиро ба кор мобарад. Ризои Аббосӣ дар мусаврараҳо- яш рангҳоро басо устокорона истифода мебурд ва бо ин хусусияти эҷодӣ аа рассомони ҳамзамонаш фарқ мекард. Ин услуби хоси му- саввир ӯро шӯҳратманд намудааст. Дар мусаввараҳои айёми камолот Ризои Аббосӣ ба тасвири табиат на муҳити атроф бештар диққат додааст.
Ризои Аббосӣ инчунин дар минётур сюжетҳои демократитарро тасвир намудааст. Эҷодиёти Ризои Аббосӣ маҳз бо ин ҷиҳатҳои хос аз асарҳои рассомони дигари Мактаби минётури Исфаҳон фарқ мекард. Ризои Аббосӣ ба тақлиди услуби рассомони Европа асарҳо эҷод кар- да бошад ҳам, аз чорчӯбаи анъанаҳои санъати тасвирии Шарқ берун нарафт. Аз ин ҷост, ки эҷодиёти ӯ як андоза ихтилофнок аст; вай во- ситаҳои санъати тасвирии Шарқу Ғарбро ба ҳам омехтааст. Асарҳои Ризои Аббосӣ дар як қатор музею китобхонаҳои олам, аз ҷумла, дар Музеи маданияти Шарқ дар Москва, Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Салтиков-Шедрин дар Ленинград маҳфузанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 https://cs.isabart.org/person/150688
- ↑ 2.0 2.1 https://www.artsy.net/artist/riza-yi-abbasi — 2009.
- ↑ 3.0 3.1 Canby S. R. Riza (ингл.) // Grove Art Online / J. Turner — [Oxford, England], Houndmills, Basingstoke, England, New York: OUP, 2017. — doi:10.1093/GAO/9781884446054.ARTICLE.T072328
Адабиёт
вироиш- Ризои Аббосӣ // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
- Всеобщая история искусств, том 2. книга 2, Москва, 1967;
- Искусство таджикского народа, Душанбе, 1979.