Ризо Волӣ (форсӣ: رضا والی‎) (тав. 1953, Қазвин) — оҳангсози эронӣ.

Ризо Волӣ
Таърихи таваллуд 1952[1]
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Зиндагинома

вироиш

Навохтани тромбон ва тромпатро дар Ҳунаристони олии мусиқӣ назди Ҳусайн Носеҳӣ ва Манучеҳр Бегларӣ фаро гирифт. Соли 1973 ба Австрия рафта дар Академияи мусиқии Вена мусиқӣ ва оҳангсозиро омӯхт. Соли 1979 ба Амрико рафта дар Донишгоҳи Писбург соҳиби унвони доктори оҳангсозӣ ва назарияи мусиқӣ гардид. Аз соли 1986 устоди Донишгоҳи Корнегии Милан ва сарпарасти студияи мусиқии компютерии ҳамин донишгоҳ. Дорандаи Ҷоизаи ифтихори Вазорати улум ва ҳунари Австрия (1976). Соли 1991 Шӯрои фарҳангии иёлати Писбург ба ӯ унвони «Ҳунарманди барҷастаи муҳоҷир»-ро додааст.

Оҳангҳои ӯ дар солҳои 1995 ва 2004 дар ду лавҳи фишурда дар Амрико мунташир шудаанд. Дигар осори Ризо Волӣ: «Овозҳои маҳаллӣ барои ансамблҳои мухталиф», «Консерти флейта», «Дайламон» (барои оркестр), «Суруш» (барои овози гурӯҳӣ ва оркестр), «Кӯҳи ях» (барои пианино).

  1. SNAC (ингл.) — 2010.

Адабиёт

вироиш
  • دانشنامه دانشگستر. جلد ١٧. تهران٬ ۱۳۸۹ هـ. ش.ر

Сарчашма

вироиш