Роберт Вентури
Роберт Вентури (англ. Robert Venturi, 25 июн 1925[2][3][4][…], Филаделфия, Пенсилвания, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико[3] — 18 сентябр 2018[3][5][6][…], Филаделфия, Пенсилвания, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико[3]) — меъмори амрикоӣ ва назарияпардози риштаи ҳунар, яке аз поягузорони постмодернизм.
Роберт Вентури | |
---|---|
англ. Robert Venturi | |
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат | |
Таърихи таваллуд | 25 июн 1925[2][3][4][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 сентябр 2018[3][5][6][…] (93 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Таҳсил: |
Дар мактаби меъмории Донишгоҳи Принстон (1947-50) ва Академияи амрикоии ш. Рим (1954-56) таҳсил намудааст. Дар ширкатҳои меъмории О. Стоноров, Э. Сааринен ва Л. Кан (1950-58) кор кардааст. Соли 1964 (ҳамроҳ бо Ҷ. Раух) ширкати хусусии хешро таъсис дод. Аз соли 1980 ширкат номи «Вентури, Раух ва Скатт Браун»-ро гирифт. Роберт Вентури дар меъмориҳои хеш бо дар назар доштани унсурҳои меъмории суннатӣ сабки равияҳои мухталифро огоҳона бо ҳам омезиш медод (Гилд-ҳаус, манзил барои пирсолони бепарастор дар Филаделфия, 1960-65; хонаи хусусӣ барои модари Вентури дар Честиат-Ҳилл, Пенсилвания, 1962; Брант-ҳаус дар Гринвич, иёлати Коннектикут 1971-73) ё равиши тарроҳии нозуконаро, ки намегузошт кори сохт мон табдил ба як қонуни эстетикии бебаҳс шавад, пеш мегирифт. Бо мурури солҳо ин равиш дар хотираҳои таърихӣ ривоҷ пайдо кард, ки як қатор корҳои ӯ ба ин намунаанд: факултаи гуманитарӣ ва улуми иҷтимоӣ дар Донишгоҳи давлатии Пейчаз, иёлати Ню-Йорк (1968—1978), депои сӯхторнишонии Ню-Ҳейвен (1970), муҷтамеи меъмории Б. Франклин дар Филаделфия (1972-70), биноҳои нави осорхонаҳои Оберлин (1974-77), Остин (1983), Сиэтл (1985), Сан-Диего (1986-96), иморати нави Нигористони миллии Лондон (1989-91). Роберт Вентури дар таърифоти назариявии хеш ба рангорангии бадеӣ даъват кардааст, ки он тафовут миёни ҳунари «афзал» ва «ноафзал»-ро аз байн мебарад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://www.moma.org/artists/6132 (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 3.6 3.7 https://www.nytimes.com/2018/09/19/obituaries/robert-venturi-dead.html
- ↑ 4.0 4.1 Structurae (ингл.) — Ratingen: 1998.
- ↑ 5.0 5.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 6.0 6.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Вентури Роберт // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.