Роберт Уилямс Вуд (англ. Robert Williams Wood; 2 май 1868, Конкорд — 11 августи 1955, Амитивилл, иёлати Ню-Йорк) — физикдони амрикоӣ.

Роберт Вилямс Вуд
Таърихи таваллуд 2 май 1868(1868-05-02)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 11 август 1955(1955-08-11)[1][2] (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Гарвард (1891). Солҳои 1901-38 профессори Донишгоҳи Ҷ. Ҳопкинс дар Балтимор. Соли 1935 президенти Ҷамъияти физикони Амрико интихоб шуд. Роберт Уилямс Вуд асосан дар соҳаи оптикаи физикавӣ таҳқиқот анҷом додааст. Роберт Уилямс Вуд резонанси оптикӣ (1902), афканиши резонанси бухори симобро дар соҳаи ултрабунафш, қутбиши афканиши резонансӣ ва вобастагии онро аз майдони магнитӣ кашф ва таҳқиқ намуд; бори аввал телескопи оинааш параболӣ, поло (филтр)-и шишагиро («шишаи Вуд»), ки танҳо нурҳои ултрабунафшро мегузаронд ва ба рӯшноии намоён ношаффоф мемонд, сохт; бори аввал тасвири Моҳро дар нурҳои ултрабунафш аккосӣ намуда, нишон дод, ки танӯраи Аристарх аз ҳама сиёҳ аст (1909); якумин шуда дар соҳаи ултрабунафш ва инфрасурхи спектр тасвирҳо гирифтааст («падар»-и ин соҳаи аккосӣ); бори аввал ҳодисаи флуорессенсияро таҳти таъсири афканиши ултрабунафш аккосӣ намудааст; фонусеро («фонуси Вуд») сохт, ки танҳо дар соҳаи ултрабунафш нурафканӣ мекард; хосияти фавкулинъикоси рустаниҳои сабзро ҳангоми аккосии инфрасурх («падидаи Вуд») ошкор сохт; панҷараи дифраксиониро такмил дод; асари оптикии дифраксияро кашф кард («аномалияи Вуд»); лапишҳои ултрасадоӣ ва таъсири онҳоро ба ҷисмҳои моеъ ва сахт таҳқиқ намуд. Роберт Уилямс Вуд узви фахрии якчанд академияи илмҳои давлатҳои ҷаҳон буд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медалҳои Ҷамъияти шоҳии санъат (1899), Ҷон Франклин (1907), Румфорд (1910, 1938), Ҷ. Тейлор, Ҷамъияти илмии Итолиё (1918), Фредерик Ивс (1933) ва Генри Дрэпер (1940) сарфароз гардидааст. Ба ифтихори Роберт Уилямс Вуд дар Моҳ танӯра номгузорӣ шудааст.

  • Исследовать неизменные законы. М.1972.

Адабиёт

вироиш
  • Вильям Сибрук. Роберт Вильямс Вуд. Л., 1946.

Сарчашма

вироиш