Роберт Вудроу Вилсон

Роберт Вудро Вилсон (Уилсон) (англ. Robert Woodrow Wilson; зод. 10 январ 1936[1][2][3], Ҳюстон, Техас, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) — физикдон ва радиоастрономи амрикоӣ.

Роберт Вудроу Вилсон
Таърихи таваллуд 10 январ 1936(1936-01-10)[1][2][3] (88 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Донишгоҳи Райсро хатм кардааст. Аз ҷавонӣ ба таъмиру сохтани афзору дастгоҳҳои радио ҳавас дошт. Аспиранти Институти технологии Калифорния, корманди илмӣ (1963), сардори шуъбаи таҳқиқоти радиофизикаи ширкати «Белл» (1976), адюнкт-проф. Донишгоҳи Ню-Йорк (1978). Дар озмоишгоҳи Белл дар Ню-Ҷерси якҷо бо Пензиас навъҳои нави мавҷгирро санҷида, манбаи сигнали пурғалоғуларо дар атмосфера ошкор кард ва онро чун шуоъафкании микромавҷии қадимӣ (реликтӣ) эътироф намуд. Ин кашфиёт «модели тафсони Кайҳон»-ро собит намуда, модели сарди назарияи «Таркиши бузург»-ро пурра инкор кард. Роберт Вудроу Вилсон барои кашфи шуоъафкании реликтии микромавҷӣ сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1978, ҳамроҳ бо Арно Аллан Пензиас).

Адабиёт

вироиш