Ровӣ

намуди фаъолият

Ровӣ (аз арабӣ ривояткунанда, гӯянда, нақлкунанда), шахсе, ки шеъри шоирониро ба забони буррою овози дилкаш ва писандида мехонд. Шоирони номдору машҳури адабиёти пешазисломии араб Ровиёни шахсӣ доштанд, ки шеъри онҳоро дар назди мардум мехонданд. Мувофиқи урфу одати арабҳо навиштани шеър мамнӯъ буд ва эҷоди шуаро тавассути Ровиён аз насл ба насл мегузаштанд[1].



ЭзоҳВироиш

  1. Ровӣ, Энциклопедияи советии тоҷик, ҷилди 6, саҳ. 383, Душанбе