Роза Искандарова
Роза Исмаиловна Искандарова (тав. 14.03.1934, ноҳияи Яккабоғи ҶШС Ӯзбекистон) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Роза Исмаиловна Искандарова | |
Таърихи таваллуд | 14 март 1934 (90 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Яккабоғ, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» (1998), медали «Барои меҳнати шоён» (1964), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1970) |
Зиндагинома
вироишСоли 1957 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Солҳои 1958—1959 мудири кабинети Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1959 ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1959—1960 дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод таҳсил кардааст. Солҳои 1960—1961 мудири боғчаи кӯдакони № 5 ш. Сталинобод, 1961—1962 коркуни хурди илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1962—1964 аспиранти кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1964—1969 муаллим, муаллими калони кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Соли 1972 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба ҳайси дотсенти кафедраи педагогика, солҳои 1976—1980 мудири кафедраи педагогикаи Донишкадаи варзиши ш. Душанбе кор кардааст. Солҳои 1980—1994 мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буд. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ мебошад. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии мактаби олии ИҶШС» ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |