Роза Ҳамдамова
Роза Исломовна Ҳамдамова (тав. 7.11.1928, ш..Сталинобод – ваф. 21.01.2005, ш. Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1967), дотсент (1971).
Роза Исломовна Ҳамдамова | |
Таърихи таваллуд | 7 ноябр 1928 |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 21 январ 2005 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСоли 1951 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1951–1952 муаллими мактаби мусиқӣ, 1952–1960 ходими илмии Институти тадқиқотии илмҳои педагогии Тоҷикистон, 1960–1964 аспирант, 1964–1975 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1975–1977 мудири кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1977–2003 дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Оид ба инкишофи мактабҳои маълумоти умумии тоҷикӣ дар солҳои 1917–1930 кори илмӣ бурдааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» қадр карда шудааст.
Осор
вироиш- Развитие таджикской общеобразовательной школы (1917–1930гг.), Д., 1972.