Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ (форсӣ: رازق فانی; 1943, Кобул — 25 апрел 2007, Сан Диего, Калифорния) — шоир, достоннавис ва танзнигори афғон.
форсӣ: رازق فانی | |
Таърихи таваллуд: | 1943 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 25 апрел 2007 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир |
Забони осор: | дарӣ |
Зиндагинома
вироишРозиқи Фонӣ дар замистони соли 1943 дар гузари Борона, аз маҳаллоти қадимии шаҳри Кобул ба дунё омадааст. Таҳсилоти олиашро дар соли 1977 дар ришта иқтисоди сиёсӣ дар кишвари Булғория ба поён расонд. Ӯ сурудани шеър ба шеваи қудаморо аз навҷавонӣ оғоз кард ва ба ҳамкории қаламӣ бо шуморе аз нашрияҳои Кобул пардохт.
Розиқи Фонӣ дар сол 1988 ҳамроҳ бо хонаводааш роҳи муҳоҷират дар пеш гирифт ва дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорния зиндагӣ кард[1].
Эҷод
вироишБо онки Розиқи Фонӣ тақрибан ҳама қолабҳои шеърии дирӯзу имрӯз ва ҳамчунин навиштани достону танзро озмудааст, бештарин шефтагиҳояш ба ғазалу маснавӣ аст.
Ӯ аз ғазали ошиқона оғозидааст ва ба маснавии ирфонӣ расидааст ва дар шеъри ӯ се гуна гароишро ба равшанӣ метавон гувоҳ буд[2]:
- гароишҳои ғиноӣ;
- гароишҳои иҷтимоъӣ;
- гароишҳои ирфонӣ.
Бархе аз ашъори вай аз сӯйи овозхонони афғон бо мусиқӣ низ иҷро шудааст.
Намунаи ашъор
вироишҲама ҷо дукони ранг аст, ҳама ранг мефурӯшад,
Дили ман ба шиша сӯзад, ҳама санг мефурӯшад.
Ба карашмае нигоҳаш дили содалавҳи моро
Чи ба ноз мерабояд, чи қашанг мефурӯшад.
Шараре бигиру оташ ба ҷаҳон бизан ту, эй оҳ,
Зи шарорае, ки ҳар шаб дили танг мефурӯшад.
Ба дукони бахти мардум кӣ нишастааст, ёрон,
Гули ханда меситонад, ғами ҷанг мефурӯшад.
Дили кас ба кас насӯзад ба муҳити мо ба ҳадде,
Ки ғизол чӯҷаашро ба паланг мефурӯшад!
Мудатест кас надида гуҳаре ба қулзуми мо,
Ки садаф ҳар он чи дорад, ба наҳанг мефурӯшад.
Зи танӯри табъи Фонӣ ту маҷӯ суруди ором,
Маталаб гул аз дуконе, ки туфанг мефурӯшад.
Даргузашт
вироишРозиқи Фонӣ 25 апрели соли 2007 (мутобиқ ба 2 савр соли 1386) бар асари бемории саратон дар шаҳри Сан-Диегои Калифорния даргузашт[3].
Осор
вироишНазм
вироиш- «Армуғони ҷавонӣ» (гузинаи сурудаҳо): Кобул, 1966.
- «Паёмбари борон» (гузинаи сурудаҳо): Кобул, 1986.
- «Обир ва офтоб» (гузинаи сурудаҳо): Калифорния, 1994.
- «Шикасти шаб» (гузинаи сурудаҳо): Калифорния, 1997.
- «Дашти ойина ва тасвир» (гузинаи сурудаҳо): Калифорния, 1383.
Наср
вироиш- «Борона» (достони миёна): Кобул, 1983.
- «Омири бесалоҳият» (гузинаи танзҳо): Кобул, 1987.
Эзоҳ
вироиш- ↑ زندگینامه روانشاد رازق فانی(форсӣ). راه سوم. 26 май 2023 санҷида шуд.
- ↑ رازق فانی شاعربلند پایه پدرود حیات گفت(форсӣ). dw.com. DW (22 апрели 2007). 26 май 2023 санҷида шуд.
- ↑ BBCPersian.com. www.bbc.com. 26 май 2023 санҷида шуд.