Роял (аз фр. royal — шоҳӣ, шоҳона) — асбоби мусиқии клавишдори тории зарбӣ. Бо фарқияташ аз пианино навъҳои дигари ин соз - дар роял болопӯш, торҳо, механикааш ба тарзи уфуқӣ ҷойгир шудаанд. Қаноти болмонанди шакли хоси тана, ки ба 3 поя устувор аст, боис шудааст ба фарқияти дарозии торҳо: садоҳои басӣ (бамӣ), чунон ки маълум аст, нисбат ба садоҳои регистри болоӣ торҳои ғафстару дарозтарро талаб мекунанд.

Ҳоло се навъи роял маъмул аст: консертӣ (дарозиаш 3 м), долонӣ (салонӣ, тақрибан 2 м), ҳуҷравӣ (кабинетӣ, дарозиаш 1,6 м) ва минйон (1,1 — 1,5 м). Диапазони ҳар кадоми роялҳо 7 октаваро дар бар мегиранд. Роял сози консертӣ – якканавозӣ ва ҷӯршаванда буда, бо садои пурқувату хушсадояш аз фортепиано фарқ мекунад. Ҳамчун асбоби якканавозӣ ва ҷӯршаванда дар ансамбл, баъзан дар оркестр истифода мешавад.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.320. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)