Роҷер Бэкон (англ. Roger Bacon; тақрибан 1220[1], Илчестер[d], Сомерсет[5][3]тақрибан 1292[2][3][4][…], тахм. Оксфорд[3][6][7][…]) — файласуф ва табиатшиноси англис.

Роҷер Бэкон
англ. Roger Bacon
Таърихи таваллуд тақрибан 1220[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1292[2][3][4][…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ илоҳиёт ва фалсафаи табиъӣ[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Пас аз хатми Университети Оксфорд (1240) дар факултаи санъати Университети Порис дарс гуфтааст. Соли 1251 ба Оксфорд баргашта кӯшиши ислоҳоти маълумоти олиро намуд. Сипас, боз ба Фаронса баргашта, то соли 1290 он ҷо умр ба сар бурд. Асарҳои машҳураш — «Оптика», «Эҷоди бузург» (1266-68), «Эҷоди хурд» (1267), «Эҷоди сеюм» (1267-68), «Компендиуми фалсафӣ» (1272), «Физикаи умумӣ», «Компендиуми илоҳиёт» (1292). Дар «Эҷоди бузург», ки маҷмӯи донишҳост, ғайр аз илоҳиёт, инчунин грамматика, математика, физика, донишҳои таҷрибавӣ, фалсафа гирдоварӣ шудаанд. Б. илоҳиёт ва мантиқро донишҳои назарӣ, математика ва грамматикаро илмҳои аксиденталӣ медонист. Ӯ математикаро илми дақиқ, аз ҳама осон ва ба ҳама дастрас мешуморид, ки бо ёрии он дигар илмҳоро санҷидан мумкин аст. Б. дар соҳаи алхимия, астрология ва оптика таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ кӯшиш мекард дар алхимия унсурҳои илмро ҷорӣ намояд; алхимияро ба назариявӣ (таҳқиқи таркиб ва пайдоиши филиззу маъданҳо) ва амалӣ (истихроҷ ва тоза кардани филиззот, тайёр кардани рангҳо ва ғайра) ҷудо мекард. Б. ихтироъкори баъзе асбобу афзор (оинаҳо, линза ва ғайра) мебошад. Дастнависҳо ва асарҳои Б. дар китобхонаҳои Порис ва Лондон маҳфузанд.

  • Великое сочинение. Английские средневековые источники IX—XIII вв. М., 1979.

Адабиёт

вироиш