«Рубоиёти Хайём» — номи маҷмӯъаест, ки аз рубоиҳои Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайёми Нишопурӣ машҳур ба Хайём фароҳам омадааст. Ин рубоиҳо дар садаҳои панҷум ва шашуми ҳиҷрии қамарӣ ба забони форсӣ суруда шудаанд ва умдатан баёнгари дидгоҳҳои фалсафии ӯ ҳастанд.

Рубоиёти Хайём
Таърихи таъсис 1100
Шакли асари халлоқона poetry collection[d]
Жанр рубоӣ
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) The Rubaiyat of Omar Khayyam[d], The Rubaiyat of Omar Khayyam[d], The Rubaiyat of Omar Khayyam[d], Quatrains of Omar Khayyám[d], The Rubaiyat of Omar Khayyam[d], The Rubaiyat of Omar Khayyam[d], Rubáiyát of Omar Khayyám[d], Rubáiját Omara Chajjáma, hvězdáře-básníka perského[d], Umr Khaiyām : rubā iyāt[d], Čtyřverší Omara Chajjáma[d], The Roubayyat bi Omar Khayyam[d], The Quatrains of Omar Khayyam[d], Q5680046?, Robaiyat-i-Omar Khaiyyam[d], Rubaiyat of Khayyam[d] ва The Rubaiyat of Omar Khayyam[d]
Нависанда Умари Хайём
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Рубоиёт

вироиш
Гар бар фалакӣ, ба хок бозорандат.
В-ар бар сари нозӣ, ба ниёз орандат.
Филҷумла, мараз ба ҷаҳл то битвонӣ,
В-озор маҷӯ, то ба ниёз орандат.
Май гарчӣ ба шаръ зиштном аст, хуш аст,
Чун бар кафи соқиву ғулом аст, хуш аст.
Талх аст ҳаром аст, хушам меояд,
Дерест, ки ҳар чиз ҳаром аст, хуш аст.
Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ишқ,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.
Ҳарчанд, ки аз гуноҳ бадбахтаму зишт,
Навмед наям чу бутпарастони куништ,
Мирам чу гаҳи саҳар зи махмурӣ боз,
Май хоҳаму маъшуқ, на масҷид на куништ.
Ҳар дил, ки дар ӯ меҳру муҳаббат насиришт,
Хоҳ аҳли саҷҷода бошаду хоҳ аҳли куништ.
Дар дафтари ишқ номи ҳар кас, навишт,
Озод зи дӯзах асту фориғ зи биҳишт.
Онон, ки кашандаи шароби нобанд,
В-онон, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд.
Бар хушк касе нест, ҳама дар обанд,
Бедор якест, дигарон дар хобанд.
Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,
Ҳар як паси якдигар якояк бираванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
Бар синаи ғампазири ман раҳмат кун,
Бар ҷону дили асири ман раҳмат кун.
Бар пои хароботрави ман бахшои,
Бар дасти пиёлагири ман раҳмат кун.
Хуршеди сипеҳри безаволи ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафоли ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчун булбул ноли,
Ҳар гаҳ, ки бимирию наноли ишқ аст.

Танқид

вироиш

Рубоиётҳои Умари Хайём аз ҷониби мунаққидони адабиёт зери танқиди шадид қарор гирифтаанд, ки назми ҳамчун майпарастӣ, бехудоӣ, худхоҳӣ, демократӣ, худписандӣ, шаҳватдӯстӣ шуморида шудаанд.

Дар асл рубоиётҳои Хайём ҳамчун озодона, яъне бе тарсу ваҳм аз он замона, ки вай зиндагӣ мекард, дарду ҷудоӣ, ишқу муҳаббат, албатта шуру шари ҷавонию озодихоҳӣ қисса мекунанд, ки ин хоси навқаламони дар ҷушу хуруш буда ва завқи баланди ғайриоддию навоварии адабӣ дошта мебошад. Мавзӯъҳои май, ишқ, ҳақгӯи ва танқиди шоҳони замонаашро аз рубоиётҳояш хонда, то имрӯз хонандагон ба маҳорат ва озодфикрии Хайём қоиланд, ки ин боиси ба тамоми забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудани рубоиётҳои Хайём гаштааст.

Нигаред низ

вироиш