Рузмат Бердиев
Бердиев Рузмат Баротович — олим, иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2007), доктори илмҳои иқтисодӣ (2012), профессор (2015). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016).
Бердиев Рузмат Баротович | |
Таърихи таваллуд | 10 январ 1960 |
Зодгоҳ | ноҳияи Деҳқонобод Деҳаи боғучорбоғ вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон |
Таърихи даргузашт | 4 март 2019 (59 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе,Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодчӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод (2012) |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016) |
Зиндагинома
вироишБердиев Рузмат Баротович 10 январӣ соли 1960 дар оилаи коргар дар ноҳияи Деҳқонобод деҳаи Боғучорбоғ и вилояти Қашқадарёии Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 1967 то моҳи июни соли 1977 дар мактаби таҳсилоти умумии №10 ба номи С.Айнии дар Чашмаимирони ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёии Ҷумҳурии Узбекистонv таҳсил намуда, соҳиби маълумоти миёнаи пурра гардидааст. Аз моҳи июли соли 1977 то моҳи октябри соли 1980 ба ҳайси коргари совхози Боғучорбоғ -и ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёии Ҷумҳурии Узбекистон кор кардааст. Аз моҳи августи соли 1980 то моҳи июли соли 1987 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дар факултаи «Ба плангирии иқтисодиёт» таҳсил намуда, ихтисоси иқтисодчиро гирифтааст. Аз моҳи ноябри соли 1982 то моҳи декабри соли 1984 дар сафи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Куйбешев хидмат кардааст. Аз моҳи декабри соли 1980 то ҳозир дар шаҳри Душанбе ба вазифаҳои гуногун: муҳандиси калони Вазорати меваю-сабзавоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шeъбаи ҷоринамоии низоми чеки ва назорати хароҷотҳои «Комплекси Агросаноатии» Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори шуъбаи «Иқтисодиёт ва пешгӯии» Вазорати хоҷагии қишлоқ ва ислоҳоти замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иқтисодчии пешбарандаи шуъбаи «Таҳлили иқтисодии» раёсати «Таъминоти сиёсати пулию қарзии» Бонки миллии Тоҷикистон, муовини Президенти Ширкати Худмухтори аудитории низоми бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонишини декани факултети «Молиявию иқтисодӣ» оид ба таълими ДМТ, муаллими калони кафедраи «Фаъолияти бонкӣ, дотсенти кафедраи «Фаъолияти бонки»-и ДМТ, д.и.и., профессори кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и ДМТ, 10.2015- то ҳол- мудири кафедраи «Фаъолияти бонки»-и ДМТ кор ва фаъолият мебарад.
Фаъолияти илмӣ
вироишДар моҳи декабри соли 2006 бо муваффақият рисолаи номзадии илмҳои иқтисодиро ҳимоя кардааст ва соҳиби диплом гаштааст (диплом серия ДКН №044323,аз 16.11.07,№46к\377). Рисолаи докториашро дар мавзӯъи «Таъсири омилҳои институтсиалӣ дар рушди сармоягузории давлатҳои муштаракул-манофеъ»,(дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар таърихи 27.03.2012 ҳимоя намуда ва соҳиби диплом доктори илмҳои иқтисодӣ гаштааст (диплом 28/Д-142, аз 13.07.2012).
Осор
вироишКитобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Приватизация и возможности привлечения инностраных инвестиций (монография), Душанбе (2001г., с.18-23)
- Приватизация и инвестиция (монография), Душанбе (2008г. 180 стр.)
- Электроные платежи в банках Таджикистана,( учебное пособие). Душанбе 2007г. 70стр.
- Ҳисобдорӣ дар муассисаҳои қарзӣ( васоити таълимӣ), Душанбе 2012с. 180саҳ.
- Фаъолияти бонкӣ (васоити таълимӣ) Душанбе, 2016с. 465 саҳ.
Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016)