Рустами Ваҳҳоб
Рустами Ваҳҳоб (Рустам Ваҳҳобзода; тав. 5 майи 1960, деҳаи Капалӣ, Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор, шоири халқии Тоҷикистон (2020), олим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008)
Рустам Ваҳҳобзода | |
| |
Таърихи таваллуд: | 5 май 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Капалӣ, Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Забони осор: | тоҷикӣ, русӣ |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода |
Зиндагинома
вироишРустами Ваҳҳоб 5 майи соли 1960[1] дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шудааст. Аз ҳамин сол дар донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (мухбир) ба кор шурӯъ кард.
Солҳои 1991—1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд.
Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, аз он вақт то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи милии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ҳамчунин, Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад[2].
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст.
Эҷодиёт
вироишРустами Ваҳҳоб муаллифи се китоби шеър — «Калимаҳо» (1990), «Шаҳри Хуршед» (2008) ва «Салом» (2015) аст. Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» (Теҳрон, 2014) ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» (бо тавзеҳот ва таълиқот) аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.
Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Рустами Ваҳҳоб 28 августи соли 2020 бо унвони шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид[3].
Ҷоизаҳо
вироиш- Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
- Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика (2024)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Рустами Ваҳҳоб адиби тавоно 56 сола шуд | TojNews. tojnews.org. 4 май 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Мансаби нави Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб ва Юнуси Юсуф » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.com. 4 май 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 марти 2017.
- ↑ Киҳо шоири халқии Тоҷикистон шуданд?(тоҷ.). Sputnik-tj.com. 28 августи 2020 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Саҳифаи расмии Рустами Ваҳҳоб дар шабакаи иҷтимоии Facebook
Сарчашма
вироиш- Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ). / Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.64-65 — ISBN 978-99947-2-379-9