Рустам Асрорович Асроров (тав. 19.11.1953) Хуҷанд, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Рустам Асроров
Рустам Асрорович Асроров
Таърихи таваллуд 19 ноябр 1953(1953-11-19) (70 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Соли 1974 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Ихтисос филолог- шарқшинос.

  • Солҳои 1974-1978 — Хидмат дар Артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Либия.
  • Солҳои 1978 — Методисти китобхонаи бачагонаи вилояти Ленинобод.
  • Солҳои 1978-1980 — Тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ.
  • Солҳои 1982-1984 — Муаллими забони арабӣ дар ш.Хуҷанд.
  • Солҳои 1986-1992 — Муаллими кафедраи педагогика ва психологияи ЛОИУУ дар ш.Хуҷанд.
  • Солҳои 1992-1995 — Мудири кафедраи педагогика ва психологияи ЛОИУУ дар ш.Хуҷанд.
  • Соли 1995 — Ноибректор оид ба корҳои илмӣ таълимии ЛОУУ дар ш.Хуҷанд.
  • Солҳои 1995-1998 — Дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
  • Солҳои 1998-2002 — Тютор дар филиали хуҷандӣ Донишгоҳи Муосири Гуманитарии ш.Москва.
  • Солҳои 2002-2003 — Дотсенти кафедраи Грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
  • Солҳои 2003-2016 — Мудири кафедраи Филологияи араби факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2017 то ҳол — Дотсенти кафедраи Филологияи арабӣ факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. [1]

Эзоҳ вироиш