Рӯбоҳ ва саги шикорӣ

(Тағйири масир аз Рӯбоҳ ва саги шикори)

«Рӯбоҳ ва саги шикорӣ» (англ. The Fox and the Hound) — 24-умин филми тасвирии пурраметражи студиёи Уолт Дисней дар соли 1981 аст.

Рӯбоҳ ва саги шикорӣ
англ. The Fox and the Hound
Жанр бадди-муви[d], комеди-драм, coming-of-age fiction[d], филми хонаводагӣ, филм бар асоси адабиёт[d] ва филми диром
Филм(ҳо)и баъдӣ Рӯбоҳ ва саги шикорӣ 2[d]
Коргардон
Таҳиякунанда
Дар асоси Рӯбоҳ ва саги шикорӣ[d][1]
Муаллифи филмнома
Оҳангсоз
Садобардор
Студия The Walt Disney Company[1]
Кишвар
Паҳнкунанда Walt Disney Studios Motion Pictures[d] ва Disney+[d]
Забон инглисӣ
Давомнокӣ 83 дақиқа[3]
Нахустнамоиш 10 июл 1981[4]
Буҷет 12 000 000 $
Ҳазина 63 456 988 $[4]
IMDb ID 0082406
Rotten Tomatoes муфассал
Сайти расмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ин дебютҳои коргардонии Тед Берман ва Ричард Рич мебошанд. Нахустнамоиши филми тасвирӣ дар Иёлоти Муттаҳида 10 июли соли 1981 баргузор шуд.

2 майи соли 2000 филми тасвирӣ дар DVD баромад, ва дар 2006 студиёи Дисней идомааш — «Рӯбоҳ ва саги шикорӣ 2»-ро баровард.

Буҷаи филми тасвирӣ 12 миллион доллар шуд. Даромади умумии прокат зиёда аз 80 миллион долларро ташкил дод. Шумораи тамошобиноне, ки филмро дидан кардаанд, аз 12 миллион нафар гузашт.

Ҳодисаҳо дар деҳоти кӯҳҳои Аппалачи сурат мегиранд. Рӯбоҳе, ки модараш аз дасти шикорчиён кушта мешавад, ятим мемонад. Буми Мамми хайрхоҳ чуноне мекунад, ки бевазани дилсӯз Твид рӯбоҳро ҳамчун сагбача ба фермаи худ мебарад. Бевазан ба рӯбоҳ ном мегузорад — Тод. Дар ҳамин ҳол, Амос Слейд, шикорчӣ ва ҳамсояи Твид (эҳтимол дорад, ки модари Тодро худи ӯ кушта бошад) як сагбачаи саги шикориро бо номи Коппеп ба хонааш меорад ва нигоҳубини ӯро ба саги шикори ботаҷрибааш Чиф (англ. Chief — Сардор) вогузор мекунад. Ҳодиса Тод ва Копперро ба ҳам меорад ва ду ҳайвони ҷавон зуд дӯст мешаванд.

Пас аз фаҳмидани ин, Слейд Копперро ба занҷир мегузорад ва Тод дар ҷустуҷӯи дӯсташ ба фермаи Слейд мерасад. Рӯбоҳча нохост Чиф ва Слейдро аз хоб бедор мекунад ва онҳо дар таъқиби ӯ мешитобанд. Бевазан Твид Тодро наҷот медиҳад, аммо Слейд ҳушдор медиҳад, ки агар ӯ дар ферма дубора пайдо шавад, рӯбоҳро мекушад.

Бо кушода шудани мавсими шикор, Слейд сагҳоро ба шикор мебарад. Маммӣ кӯшиш мекунад, ки ба Тод фаҳмонад, ки дӯстии онҳо бо Коппер идома дода наметавонад, зеро онҳо барои душман шудан таваллуд шудаанд, аммо Тод ба ин бовар карданро рад мекунад.

Моҳҳо мегузаранд — Коппер ба саги аълои шикорӣ табдил меёбад ва Тод ба рӯбоҳи зебо мубаддал мешавад. Пас аз бозгашти Коппер, Тод аз фурсати вохӯрӣ бо дӯсташ истифода мекунад, аммо Коппер ба ӯ нишон медиҳад, ки ҳарчанд дӯстии кӯҳнаро қадр мекунад, ҳама чиз тағйир ёфтааст. Чиф аз хоб бедор мешавад ва таъқиби нав оғоз меёбад, на бе оғои онҳо (Амос Слейд). Коппер кӯшиш мекунад, ки ӯро боздорад, аммо Чиф таъқибро идома медиҳад. Дар болои купруки роҳи оҳан Тод гурехта, Чифро поезди роҳгузарро пахш мекунад. Тод аз купрук афтида, пои ақибашро захмдор мекунад.

Чифи захмдорро ёфта, Коппер афсӯс мехӯрад, ки Тодро наҷот дод, қарор мекунад, ки аз ӯ қасос бигирад. Ва Амос Слейд, инчунин, бераҳмона мехоҳад, ки Тодро бо ҳар роҳ бикушад ва хашмгинона ба Твид мефаҳмонад, ки аз сабаби рӯбоҳ Чиф қариб мурд. Барои наҷот додани ҷони рӯбоҳ, бевазан Твид ӯро ба мамнӯъгоҳ мебарад. Тод дар пеш давраи душвори мутобиқшавӣ дорад ва бум Мамми ба ӯ кӯмак карда, ӯро бо рӯбоҳи зебое бо номи Викси шинос мекунад. Ҷавонон оҳиста-оҳиста ба ҳамдигар ошиқ мешаванд.

Слейд бо Коппер ғайриқонунӣ ба мамнӯъгоҳ ворид мешаванд. Пас аз кофтукоби тулонӣ Тод дар қапқони худаш пояшро захмӣ мекунад. Онҳоро ҳайвонӣ ваҳшие думбол мешавад. Коппер дар муҳорибаи нобаробар мағлуб меояд. Ба кӯмаки ӯ рӯбоҳ мешитобад. Пас аз фирори дуру дароз онҳо аз баландӣ ба об меафтанд. Рубоҳ аз об мебарояд. Коппер аз ин кори дӯсти қаблиаш дар ҳайрат мемонад.

Ногаҳон Амос Слейд пайдо мешавад, ки омодаи тирандозии рӯбоҳ аст, аммо Коппер Тодро бо баданаш сипар мекунад. Шикорчӣ таппончаро паст мекунад ва ӯ ва Коппер ба хона бармегарданд. Дар хона, бевазани Твид пои Слейдро бинт мекунад.

Дар охир Тод ва Коппер дарк мекунанд, ки гарчанде дигар якдигарро дида наметавонанд, аммо дӯстии онҳо дар қалбашон абадӣ боқӣ хоҳад монд.