Рӯзи ҷаҳонии кӯдак

(Тағйири масир аз Рӯзи бачаҳо)

Рӯзи ҷаҳонии кӯдак (англ. Universal Children's Day, исп. Día Universal del Niño, фр. Journée mondiale de l'enfance) — ҷашнест, ки Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1954 (бо қатъномаи № 836 (IX)) қабул кардааст.

2010-06-01

Таърих

вироиш

Ид барои беҳдошти зисти кӯдакон, беҳтар намудани кори СММ барои кӯдакони ҷаҳон нигаронида шудааст.

Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таклиф кардааст, иди «Рӯзи ҷаҳонии кӯдак» аз ҷониби давлатҳо дар рӯзу шакли муайянамудаи хеш гузаронида шавад.

Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қарордодаш таклиф кардааст, ки ҷашнгирии умумии «Рӯзи ҷаҳонии кӯдак» бояд барои ҳамраъи ва ҳамкории байни миллатҳо хидмат расонад.

Дар ҳуҷҷатҳо расмии СММ рӯзи ид 20 ноябр муайян шудааст. Ҳамин рӯз соли 1959 «Декларатсияи ҳуқуқи кӯдак» ва 20 ноябри соли 1989«Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак» қабул карда шудаанд.

Рӯзи 1 июн «Рӯзи ҷаҳонии кӯдак» мебошад ва ин ид аз давраҳои шӯравӣ ҳамчун анъана дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Нигаред низ

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манбаъ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш