Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбонзоӣ ва хушксолӣ
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбонзоӣ ва хушксолӣ (ба дигар забонҳои расмии СММ: англ. World Day to Combat Desertification and Drought, ар. اليوم العالمي لمكافحة التصحر والجفاف, исп. Día Mundial de Lucha contra la Desertificación y la Sequía, чинӣ: 防治荒漠化和干旱世界日, фр. Journée mondiale de la lutte contre la désertification et la sécheresse) — аз 17 июни соли 1995 таҷлил мегардад.
Таърих
вироишМаҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли 1994 ҳарсола, 17 июнро Рӯзи ҷаҳони мубориза бо биёбонзоӣ ва хушксоли (WDCDD) эълом кард. Ин рӯз дар воқеъ баҳонае аст барои огоҳӣ дар бораи падидаи биёбонзоӣ ва асароти хушксолӣ дар кишварҳое, ки ба таври ҷиддӣ бо хушксолӣ ё биёбонзоӣ рӯбарӯ ҳастанд. Яке аз роҳҳои мубориза бо биёбонзоӣ, афзоиши сатҳи огоҳии умумӣ барои таваҷҷуҳ ба масоили муҳити зист ва замин аст. Ин рӯз фурсати хубест то аз тариқи омӯзиш, тақвияти мушорикати иҷтимоии мардум, ҳамкории ташаккулҳо ва созмонҳои мардумниҳод, барои ҳалли ин мушкил қадам бардошт.
Биёбонзоӣ дар воқеъ тахриби замин дар манотиқи хушк, нимахушк ва хушки нимамартуб аст.
Омор
вироишЗиндагии беш аз 250 миллион нафар ба таври мустақим таҳти таъсири биёбонзоӣ қарор дошта ва ҳудуди як миллиард нафар дар беш аз сад кишвари ҷаҳон дар маърази хатар ҳастанд. Созмон Милал Муттаҳид пешбинӣ кардааст, ки то соли 2045, дар натиҷа биёбонзоӣ, 135 миллион нафар мумкин аст овора шаванд[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ روز جهانی مبارزه با بیابانزایی و خشکسالی. dalahoo.com. 17 июни 2019 санҷида шуд.