Саги чӯпонии олмонӣ

Саги чӯпонии олмонӣ — як зоти саги хидматист, ки соли 1899 дар Олмон пайдо шудааст.[4] Саги чӯпонии олмонӣ дар ибтидо ҳамчун сагҳои чӯпонӣ истифода мешуданд. Дар замони имрўза сагҳои чӯпонии олмонӣ ба маъюбон кўмак мекунанд, дар амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ширкат мекунанд, дар полис ва артиш хидмат мекунанд ва дар филмҳо нақш меофаранд.[5]

Саги чӯпонии олмонӣ
Нигора
Вазн 30 кг[1], 40 кг[1], 22 кг[1] ва 32 кг[1]
Умед ба зиндагӣ 10 сол[2]
Кишвари созанда
Рамзи каталог Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Функция для отображения значения не найдена..
Ранг сиёҳ ва олболуӣ[d]
Баландӣ 55 сантиметр[1] ё 60 сантиметр[1]
Litter size 6,1[3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар рӯйхати зотҳое, ки бештар ҳамчун сагҳои посбон аккос мезананд, ин зот дар ҷои дуюм меистад.[6]

Стандарти зот

вироиш

Сагҳои чӯпонии олмонӣ — сагҳои миёна ва калон мебошанд. Баландии стандартии зот дар ёл 60-65 см (24-26 дюйм) барои сагҳои нарина ва 55-60 см (22-24 дюйм) барои сагҳои модина мебошад. Таносуби дарозии бадан ба баландии саги чӯпонии олмонӣ 10: 8 1 ⁄ 2 аст. Аксари вақт сагҳои чӯпонии олмонӣ қаҳваранг-сиёҳ ё зард-сиёҳ мебошанд. Пашми дарозии миёна бо зерпашми ғафс дорад.[7]

Давомнокии зиндагии миёнаи саги чӯпонии олмонӣ 10,95 солро ташкил медиҳад.[8]

Саломатӣ

вироиш

Бо сабаби парвариши бевиҷдонона, ин зот дорои сатҳи баланди бемориҳои модарзоди ба монанди дисплазияи банду буғуми косу рон (19,1 %) ва миелопатияи дегенеративӣ (36 %) мебошад.[9][10] Миелопатияро тавассути санҷиши ДНК-и оби даҳон дар клиникаи байторӣ муайян кардан мумкин аст. Инчунин, саги чӯпонии олмонӣ метавонанд вайрониҳои лахташавандагии хун, мушкилоти ғадуди зери меъда ва кафидани панҷаҳо дошта бошанд.[11][12]

Барои нигоҳ доштани саломатии хуби саги чӯпонии олмонӣ, назорат кардани сатҳи калсий, витаминҳои А ва D, Омега-3 ва глюкозамин дар ғизои саг муҳим аст.[13]

Мизоҷ

вироиш

Дар стандарт гуфта мешавад, ки саги чӯпонии олмонӣ «бояд хислатҳои мутавозин, дорои асабҳои қавӣ, ба худ мутмаин, комилан табиӣ, пурра хушмуомила, аммо бодиққат ва идорашаванда бошанд».[14]

Саги чӯпонии олмонӣ бо кӯдакон хуб муомила мекунад. Бо вуҷуди ин, танҳо гузоштани саги чӯпонии олмонӣ бо кӯдакон ба мақсади пешгирии ҷароҳат ва садамаҳо, тавсия дода намешавад.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 http://www.fci.be/nomenclature/Standards/166g01-de.pdf
  2. https://www.akc.org/dog-breeds/german-shepherd-dog/
  3. (unspecified title)doi:10.1016/J.THERIOGENOLOGY.2010.10.034
  4. German Shepherd Dog History: Origins of the Working Breed. akc.org. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  5. German shepherd dogs in the military: a brief historical overview. mwdtsa.org. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  6. The intelligence of dogs. archive.org. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  7. German Shepherd Dog. akc.org. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  8. German Shepherd Lifespan – How Long Do German Shepherd Dogs Live?. thehappypuppysite.com. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  9. Identification and Validation of Quantitative Trait Loci (QTL) for Canine Hip Dysplasia (CHD) in German Shepherd Dogs. ncbi.nlm.nih.gov. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  10. Effect of Glucosamine Sulfate on Osteoarthritis in the Cruciate-Deficient Canine Model of Osteoarthritis. ncbi.nlm.nih.gov. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  11. 10 Best Dog Paw Balms of 2021: Reviewed by Experts. boneandyarn.com. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  12. Von Willebrand's Disease in Dogs. petcoach.co. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  13. A prospective, randomized, double blind, placebo-controlled evaluation of the effects of eicosapentaenoic acid and docosahexaenoic acid on the clinical signs and erythrocyte membrane polyunsaturated fatty acid concentrations in dogs with osteoarthritis. doi.org. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.
  14. German Shepherd Dog. wusv.org. 20 Декабри 2021 санҷида шуд.