Садри Хуҷандӣ
Садри Хуҷандӣ (форсӣ: صدر خجندی), Садруддин Абдуллатиф ибни Собит (? — 1196) — шоири қасидасарои зуллисонайни форс-тоҷик.
Таърихи даргузашт: | 1196 |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишАвфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» хислатҳои неки инсонии Садри Хуҷандиро ситоиш намуда, дар бораи шоирин ӯ менависад: «Ва бо ин ҳама фазоилу шамоил ӯро шеърест матбӯъ ва дар тозию порсӣ ва назму наср қудрати ӯ комил». Ашъори форсии ӯ дар баёзу тазкираҳо бисёр дучор меоянд, аммо намунаи осори насрӣ, ҳамчунин шеърҳои арабии шоир камёбанд.
Намунаи ашъор
вироишНамунае аз шеъри Садри Xуҷандӣ:
Дилбаро, роҳ мазан, парда бисоз
Мутрибо, захм мазан, нағма навоз.
Ҳучра холию рақибон дар хоб,
Чашмҳо хуфтаву дарҳо ҳама боз.
Чи кунам, вой, ки имшаб шаби ман
Ҳаст кӯтоҳу маро қисса дароз…
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Садри Хуҷандӣ / С. Асадуллоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).