Саидбег Саидов
Саидбег Бойхонович Саидов — олим, номзади илмҳои ҳуқуқ, дипломат.
Саидбег Бойхонович Саидов | |
Таърихи таваллуд | 15 апрел 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | Данғара ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | муносибатҳои байналмилалӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон ва Ҳиндустон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. |
Зиндагинома
вироишСаидов Саидбег Бойхонович 15 апрели соли 1958 дар деҳаи Пехо, нощияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст.
- Солҳои 1975-1980 - донишҷӯи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.
- Соли 1980 фаъолияти кории худро аз таълими забон ва адабиёти тоҷик дар курсҳои шабонаи омодагӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин сар кардааст.
- Аз соли 1981 то 1993 - лаборант, мудири лаборатория ва муаллими кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.
- Аз соли 1990 то 1993 - аспиранти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.
- Солҳои 1993 - 1995 - донишҷӯи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, баъди хатм мутахассиси соҳаи ҳуқуқҳои байналмилалӣ гардид.
- Солҳои 1994 - 2002 - котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
- Соли 1999 - рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Парлумонҳо ва вазъи мураккаби вакилони парлумонҳои кишварҳои гуногун» дар Институти муносибатҳои миллӣ ва минтақавии Маскав дифоъ кардааст.
- Солҳои 2002 - 2003 - мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ.
- Солҳои 2003 - 2006 - мудири шуъбаи равобити берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2006 - 2008 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон.
- Солҳои 2008 - 2014 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон.
- Соли 2008 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтор, дараҷаи якум дода шуд.
- Соли 2017 - 2020 - мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Ҷоизаҳо
вироиш- Нишони «Аълочии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.