Саидмурод Мардонов

Саидмурод Мардонов (5 январи соли 1940, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).

Саидмурод Мардонов
Таърихи таваллуд: 5 январ 1940(1940-01-05) (84 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор
Касб: ҳунарпеша

Зиндагинома

вироиш

Саидмурод Мардонов 5 январи соли 1940 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии маҳаллаи Сардор Қарахонов дониш омӯхта, аз соли 1959 то 1964 дар Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд дар факултети актёрӣ таҳсил кард ва баъди хатми мактаби олӣ дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, ҳозира ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, таи солҳои 1964—1966 ба ҳайси актёр фаъолият намуд. Аз соли 1966 дар асоси фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 то ба имрӯз дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дорад.

Эҷодиёт

вироиш

Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У. Раҷабов) ва филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ».

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ордени «Нишони фахрӣ»,
  • унвонҳои «Аълочии коркуни маданияти СССР»,
  • «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон»
  • «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст. [1]