Саидхон Аҳмадов
Саидхон Аҳмадов (Аҳмадов Саидхон Шарифович; тав. 18 сентябри 1937, Бухоро - ваф. 2 декабри 2021, Душанбе) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика (2004)
Саидхон Шарифович Аҳмадов | |
Таърихи таваллуд | 18 сентябр 1937 |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2 декабр 2021 (84 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физика |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти электротехникии алоқаи Маскав |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти электротехникии алоқаи шаҳри Маскав (1960). Муддате дар маркази техникии радиошунавонӣ кор карда, солҳои 1962-1965 дар аспирантураи Институти физикаи АИ ИҶШС таҳсил намудааст. Аз соли 1966 то 2020 дар Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ходими хурди илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири лаборатория, мудири шуъба, ходими пешбари илмӣ кор мекард. Мутахассиси соҳаи физикаи ҳароратҳои паст ва техникаи криогенӣ буданд. Саидхон Аҳмадов 2 декабри 2021, дар ш. Душанбе даргузаштааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишДар Осиёи Марказӣ аввалин лаб. криогенӣ таъсис дода, доир ба хусусиятҳои спектри энергетикии барандаҳои ҷараён дар нимфилиззот ва нимноқилҳои майдони энергетикиашон танг таҳқиқот анҷом додааст. Кашфиётҳои илмии ӯ дар саноат, кишоварзӣ, чорводорӣ ва тиб истифода мешаванд. Дар соҳаҳои гуногуни тиб абзори гуногуни криотиббӣ сохтааст, ки ҳоло мавриди истифода қарор доранд. Аҳмадов узви Шӯрои илмии Маркази илмии онкологӣ, раиси Шӯрои илмии Ассосиатсияи тибби анъанавӣ ва узви Академия Илмии Ню-Йорк буд.
Осор
вироиш- Влияние диэлектрического покрытия на свойства пленок и сплава. — Д., 1992;
- Особенности энергетического спектра носителей висмута и сплавов висмут — сурьма. — Д., 1994.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Аҳмадов Саидхон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.