Саид-Мамет Каримов — доктори илми химия (1985), профессор (1986). Узви вобастаи АИ ҶТ (1993) Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1990). Аълочии маорифи халқи ИҶШС (1979). Дорандаи Ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров (1996).[1]

Саид-Мамет Каримов
Саид-Мамет Носирович Каримов
Таърихи таваллуд 1936(1936)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома

вироиш

Саид-Мамет Каримов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959)., ихтисос – «физикаи полимерҳо». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи механикаи полимерҳо. Мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1965-1986), декани факултаи физикаи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1968-1986). Ректори Институти давлатии омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд) (1986-1996). Директор (1996-2004), мудири шуъбаи физикаи Маркази илмии Хуҷанди АИ ҶТ (2004 – то имрӯз).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо медали «Барои меҳнати шоиста»,
  • «Ветерани меҳнат»,
  • «10-солагии ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990).
  • Академики Академияи байналмилалии мактаби олӣ (2000). Аълочии маорифи халқи ҶТ (1979).
  • Аълочии маорифи халқи ИҶШС (1979).
  • Дорандаи Ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров (1996).

Манобеъ

вироиш
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.