Саид Ихтиёруддини Ҳасан

Саид Ихтиёруддини Ҳасан (? — қарни XV) — шоиру муаммосаро ва донишманди форс-тоҷик, ҳамзамони Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Восифӣ.

Саид Ихтиёруддини Ҳасан

Зиндагинома вироиш

Аз Ҳирот. Ҷараёни таҳсилу эҷодиёт ва зиндагиаш чандон равшан нест, Ҳамзамони Ҷомӣ ва Восифӣ, аз акобири зомон буд ва бо шоирон ҳамнишинӣ дошт. Саид Ихтиëруддини Ҳасан дар гуфтани таъриху муаммо машҳури замони худ буд. Шоир ба муносибати ба итмом расидани сохтмони масҷиди ҷомеи Ҳирот ба забонҳои арабӣ ва форсӣ ду таърих гуфтааст. Мувофиқи маълумоти Восифӣ, таърихи форсии шоир дар пештоқи айвони масҷиди мазкур сабт шудааст:

Шукр, к-аз ҳиммати соҳибхайр,
Гашт ин савмаа холӣ зи халал.
Ёфт итмом ба хубӣ, оре,
Амали хайр бувад, хайри амал.
Соли таърих, маҳу рӯзаш буд,
Даҳуми шаҳри рабеъулаувал.

Ашъори ӯ миқдоран зиёд нест ва он ҳам пурра то замони мо нарасидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Саид Ихтиёруддини Ҳасан / M. Диловаров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).