Саид Шаҳристонӣ
Саид Шаҳристонӣ Муллоҷонов (тав. номаълум, шаҳри Самарқанд – ваф, 1955, шаҳри Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1949).
Саид Шаҳристонӣ Муллоҷонов | |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1955 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони шарқро (КУТВ) |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи коммунистии меҳнаткашони шарқро (КУТВ) хатм кардааст. Дар давоми фаъолияти кориаш дар бисёр вазифаҳои муҳим ва масъулиятнок – директор ва муаллими Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкент, директори омӯзишгоҳҳои омӯзгории Шаҳринав ва шаҳри Кӯлоб, директори мактаби советӣ-ҳизбии ш. Душанбе, солҳои 1937–1940 декани факултети коргарии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, сардори Главлити назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, саркотиби илмии шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Муаллифи як қатор асару мақолаҳои илмӣ мебошад.