Миралӣ Сайдии Теҳронӣ (форсӣ: میرعلی صیدی طهرانی‎; ? — 1658) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Сайдии Теҳронӣ

Зиндагинома

вироиш

Ба Исфаҳон рафта, дар он шаҳр ба таҳсили дониш ва шоирӣ пардохт. Чун дар он ҷо шеъри ӯ мавриди қабул наафтод, монанди дигар шоирони он рӯзгор ба Ҳиндустон рафт. Дар соли 1065 ҳиҷрӣ қамарӣ мулозими Шоҳҷаҳон ва Ҷаҳоноро Бегим қарор гирифт. Вай ниҳоят дар Ҳиндустон даргузашт ва дар Машҳади Разавӣ дафн шуд[1].

Аз осори ӯ «Девон»-и шеър, ки бештар қасида аст ва «Маснавӣ» дар таърифи Кашмир боқӣ мондааст.

  1. میرعلی صیدی طهرانی. ویستا. 19 июни 2024 санҷида шуд.