Сайидои Насафӣ

шоири тоҷик
(Тағйири масир аз Сайидо Насафӣ)

Сайидои Насафӣ (форсӣ: سیدای نسفی‎; 1637, Насаф — 1711) — шоири форс-тоҷик.

Сайидои Насафӣ
Таърихи таваллуд: 1637
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1711
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Забони осор: тоҷикӣ ва форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Саййидои Насафӣ дар соли 1637 дар шаҳраки Насаф таваллуд шуда буд. Ӯ аз хурдӣ истеъдоди хуби шеъргӯйи дошт. Аз ҳамин сабаб падараш Миробид фарзандашро ба шаҳри Бухоро барои илмомӯзӣ фиристод. Муаллифи девони ғазалиёт ва «Баҳориёт» мебошад. Дар ашъораш норозигӣ аз сатҳи иҷтимоияш бисёр во мехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ сурудааст. Намунае аз эҷодиёти ӯ:

Дар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё.
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё.
Хок бар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод,
Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё.
Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,
Бар сари сайди худ, эй сайёди бепарво, биё.
Синаро чун лола аз доғат чароғон кардаам,
Дар чаман баҳри тамошо, эй гули раъно, биё
Рӯзгоре шуд, ки чашми Сайидо маъвои туст,
Офтобе дар мақоми худ биё, танҳо биё

Сайидо Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII -и тоҷик аст. Соли таваллудаш маълум нест. Ачдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро дар оилаи ҳунарманди камбизоат ба дунё омадааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ дар аиёми ҷавонӣ ниҳоят душвор ва пурмашаққат гузаштааст. Вай дар Бухоро ба таҳсил шурӯъ карда, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир Девонбегӣ маскан гирифта, то охири умр дар он ҷо зиндагӣ кард. Ҳангоми таҳсил ба омӯзиши илмҳои фалсафа, ахлоқ, мусиқӣ, бадеъ машғул шудааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса ва солҳои аввали хатми он нисбатан осудаҳолона мегузашт, зеро он вақт дӯстони ҳунармандаш ба ӯ ёрии моддӣ мерасонданд. Маҳорати адабии ӯ дар ҳамин давра такмил ёфта, беҳтарин осори дилпазиру пурмазмунаш дар ҳамин айём офарида шудаанд. Ашъораш дар байни мардум паҳн гардида, ҳамчун шоири тавоно ном баровард. Сайидо Насафӣ шоири касбӣ гардид, вале ин боиси аз байн рафтани некуаҳволии ӯ шуд. Сайидо Насафӣ ба сабаби бенавоӣ ва мӯҳтоҷӣ мехост, ки бо кумаки соҳибдавлате ба «ному нон» соҳиб шавад. Ва ӯ бо баъзе амалдорони давлати робита пайдо карда, дар суҳбату маҷлисҳои онҳо иштирок мекунад. Сайидо Насафӣ бо ҳокими Самарқанд Раҳимбой робита дошта, аз ӯ кумаки моддӣ дидааст. Чунон ки аз тазкираи Малеҳо маълум мешавад, Сайидо Насафӣ бо даъвати Раҳимбой ду бор ба Самарқанд рафта, зимнан, бо шоирону фозилони он ҷо ҳамсуҳбат гаштааст. Вале мансабдорони мазкур он соҳибдавлатони суханшиносу ҳунарпарвар набуданд, ки шоир меҷӯст. Аз ин ҷост, ки Сайидо Насафӣ қарор медиҳад, аз арбобони давлат «дасти матлаб» -и худро кӯтаҳ кунад ва аз дари онҳо пояшро канад.

Сайидо Насафӣ низ мисли бисёр аҳли илму адаби он замон аз тангии рӯзгор ба андешаи сафари Ҳиндустон афтод. Вале аз сабаби дил канда натавонистан аз ватан ва ҳамчунин фаро расидани пирӣ ба Ҳинд сафар накард. Беқадрии шеъру шоирӣ дар назди ҳукуматдорон Сайидоро дар айёми пирӣ ба гӯшанишинт водор кард. Вале гӯшанишинии ӯ маънии мардумгурезиро надошт. Шоир фақат бо табақаи ҳукумрон қатъи робита намуда, ба гӯшаи қаноат нишаст. Сайидо Насафӣ дар гӯшанишинӣ аз ризқу рӯзии «таваккалӣ» тадриҷан канда шуд ва шоир бе маблағ ва воситаи рӯзгузаронӣ монд. Аз тарафи дигар Сайидо Насафӣ аз ҳаёти хилватнишинии худ дилгир шуда буд, аз шавқи зиндагӣ ва иштиёқи дидори дӯстон, ба гуфти худаш «дилаш даруни сина метапид». Зеро Сайидо шоири зиндадил буд, бо ҳаёт ва аҳли ҷамъият пайванди зич дошт. Инак, шоир қарор медиҳад, ки гӯшанишиниро тарк карда, ба сӯи «бозор» равад, яъне ба ҷӯши зиндагӣ ворид шавад:

Ҳосил нашуд зи гушанишинӣ муроди ман,
Худро зи хона бар сари бозор мекашам.
Он кӣ мегиряд ба ҳолам, чашми хунини ман аст
В-он ки бардорад сарам аз хок, болини ман аст.
Гул ба гулшан даъвии соҳибкамолӣ мекунад,
Ҳар кӣ зар дорад, таманноҳои олӣ мекунад.
Хар кӣ худро мекунад дар базми нодонон сифат,
Пеши курон даъвии соҳибҷамолӣ мекунад.
Дар муҳаббат тифли ашкам гавҳари дил мешавад,
Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад.

Тибқи ахбори «Убайдуллонома» маълум мешавад, ки Сайидои Насафӣ соли 1707 ҳанӯз зинда буда, ҳамон сол дар мадҳи Убайдуллохон (1702—1711) қасидае гуфтааст. Муаллифи ин сарчашма ҳамчунин дар замони ҳукмронии хони мазкур аз ҳаёт чашм пӯшидани шоирро қайд кардаст. Аз ин рӯ, вафоти ӯ байни солҳои 1707—1711 иттифоқ афтодааст.

Эҷодиёти Сайидо Насафӣ

вироиш

Сайидо Насафӣ аз худ осори баландмазмуну рангини фаровон мерос гузаштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таьрихи адабиёти тоҷик ҳисоб меёбанд. Мероси адабии Сайидо Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асари тамсилии «Баҳориёт», «Шаҳрошуб» иборат буда, 8500 байтро дар бар мегирад. Куллиёти Сайидо Насафӣ бо ғазал оғоз шуда, қисми бештари маҷмуаро ташкил медиҳад ва шумораи он ба 550 мерасад, Сайидо Насафӣ дар ғазал анъанаҳои шоирони маъруфи гузаштаро давом дода, ба мавзӯъ, мазмун ва шакли он тозакорӣ дохил кардааст. Вай аз имкониятҳои ғазал моҳирона истифода бурда, дар доираи он мавзӯъҳои танқиди замон ва аҳли он, тарғиби касбу ҳунар, ҳаёти мушкили заҳматкашон, аҳволи халқу мамлакат ва ғайраҳоро баён кардааст. Нуктаи басо муҳими эҷодиёти Сайидо Насафӣ боварии ӯ ба қудрати азими халқ мебошад. У аҳли ситамро огоҳ мекунад, ки ҳар касе ба душмании халқ кор кунад, сари худро мехӯрад:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Дар асари тамсилии “Баҳориёт” («ҳайвонотнома»)-и Сайидо Насафӣ низ ғояи иттифоқу ягонагии халқ баён шудаст. Ин ғоя дар асари мазкур ба шакли тамсил, яъне ба воситаи амалиёт ва гуфтори ҳайвонот ифода гардидааст. Мундариҷаи «Баҳориёт»-ро баҳсу мунозираи 18 ҳайвон ташкил кардааст. Ҳар як ҳайвон хислатҳои бади ҳайвони дигарро баён карда, баъд ба таърифи худ мепардозад. Сайидо Насафӣ дар образи ҳайвонот хислатҳои хоси намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъияти замони худро инъикос намудааст. Сайидо Насафӣ бахшида ба ҳаёти халқи меҳнаткаш, ҳунармандон асаре дорад, ки бо номи «Шаҳрошуб» машҳур аст ва дорои 405 байт мебошад. «Шаҳрошуб» жанри махсуси назм аст, ки ба таъриф ё танқиди гурӯҳи муайяни ҷамъияти шаҳр бахшида шудааст. Сайидо Насафӣ, ки худ намояндаи табақаи меҳнатӣ буд, дар «Шаҳрошуб»-аш ҳунармандону косибонро васф кардааст. Забони асарҳои Сайидо Насафӣ аз забони зиндаи гуфтугӯӣ сарчашма гирифтааст. У сухансароест, ки забони шеъри классикии тоҷикро ба забони гуфугӯии халқ наздик кардааст. Забони осори Сайидо Насафӣ ба сабаби алоқаи наздик ва омезиши худ бо забони гуфтугӯй ба забони имрӯзаи тоҷик қаробат дорад. Сайидо Насафӣ гӯё бо забон ва тарзи баёни имрӯзаи тоҷик шеър гуфтааст.

Шамъ баъд аз куштани парвона қасди худ кунад,
Хуни ноҳақ шуълаи домони қотил мешавад.
Дар ҷаҳон аз ҳиммати пирон биҷӯ роҳи наҷот,
Қомати хамгашта бар дарёи оташ пул шавад.
Зи дунё ҳар кӣ шуд лабрез, умраш бебақо гардад,
Чу киштӣ пур шавад аз об, гирдоби фано гардад.
Шудам пиру намеояд бурун гаҳвора аз ёдам,
Қадам дар мулки ҳастӣ то ниҳодам, хонабардӯшам.

Нигаред низ

вироиш