Сайидумари Султон - шоир, олим, адабиётшинос, муаррих. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1996), узви Иттифоқи шарқшиносони ҷаҳон (1982), аълочии «Садо ва симои ИҶШС» низ мебошад.

Сайидумари Султон
Сайидумар Султонов
Таърихи таваллуд 1930(1930)
Зодгоҳ ноҳияи Истаравшан ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 16 июл 2021(2021-07-16)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Истаравшан
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Султонов Сайидумар соли 1930 дар деҳаи Қалъачаи Калон, ноҳияи Ӯротеппа таваллуд ёфтааст. Соли 1947 мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисорро ба итмом расонида, соли 1952 омӯзишгоҳи шаҳри Ӯротеппаро ғоибона хатм кард. Аз соли 1948 то соли 1952 дар мактаби миёнаи Қалъачаи Калон муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор мекунад. Ҳамон сол ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил мешавад.

Соли 1959 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба ҳайси ходими хурди илми кор кард. Соли 1964 ба Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони наздн Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор дохил шуда, вазифаҳои муҳаррир, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи мубодилаи афкор бо ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои халқӣ ва демократиро иҷро кардааст. Аз соли 1968 то соли 1979 вазифаи мухбири махсуси радиостансияи «Родина»-и радио ва телевизиони умумииттифоқ дар Тоҷикистонро низ ба зимма доштааст.

Соли 1982 боз ба АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, дар Институти Шарқшиносӣ ба сифати ходими хурд ва калони илмӣ фаъолият кардааст. Султонов Сайидумар таҳти роҳбарии профессор Ш. Ҳусейнзода корҳои илмию тадқиқотиро пеш бурда, соли 1985 дар мавзӯи «Нодими Ӯротеппагӣ ва муҳити адабии ӯ» рисолаи номзадӣ дифоъ кард. С. Султон яке аз олимони бағоят сермаҳсули тоҷик ба шумор меравад.[1]

Эҷодиёт

вироиш

Соли 1960 «Ҳофизи Шерозӣ» китоби ӯ нашр шуд. Соли 1961 осори «Муҳаммад Ҳусайни Хатлони»-ро таҳия намуд. Сипас китобҳояш «Гули худрӯ» соли 1985, «Рӯзгор ва Осори Шаҳди» соли 1988 ба табъ расиданд. «Нобиғаҳои Бунҷикас ва достоии Рустамбек» соли 1998, «Шуҷоати Мазбут» соли 1999, «Наҷҷори Истаравшани» соли 2001, «Таърихи доираи адабии Истаравшан дар нимаи дуввуми асри XVIII ва аввали асри XIX», соли 2002, «Қиссаи Яккабоғ», соли 2002, «Зеварниҳоди Шаҳр», соли 2004, «Султони Мулки Сухан», соли 2007, «Роҳбари фидокор», соли 2008 манзури хонандагон гардид.

Соли 1989 дар шаҳри Истаравшан осорхонаи доираи адабии Ӯротеппаро таъсис дод. Дар ин Осорхона ӯ беш аз ҳазор маводи дар тӯли 50 сол гирдовардаашро ба намоиш гузошт, ки аз китобҳои дастнависи нодир ва осори таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ иборат мебошад. Соли 1991 дар назди ин осорхона маркази илму фарҳанги доираи адабии Ӯротеппаро таъсис дод. Дар осорхонаи ӯ осори илмию адабии беш аз 2 ҳазор шоирону олимони гумном низ гирд оварда шудааст, ки қариб 800 нафари онҳо Истаравшанианд. С. Султон бо тахаллуси Кавкабӣ шеър мегӯяд. Шеъри аввалини ӯ соли 1957 дар «Газетаи муаллимон» таҳти унвони «Ояд ҳаме» дар тазмини «Ояд ҳаме»-и устод Рӯдакӣ чоп шудааст. Сипас шеърҳои ӯ дар маҷмӯа ва рӯзномаҳои матбуоти ҷорӣ чоп мешуданд. Маҷмӯаи ашъори ӯ таҳти унвони «Ашъори Садранг» соли 2001 ва «Наҷди Муғ» соли 2003 нашр шудааст.

Кашфи 2000 суханвари номаълум

вироиш

Соли 1982 ӯ дигарбора ба кори илмӣ шурӯъ мекунад ва ин даъфа ба Институти шарқшиносӣ ба кор меояд. Бо сабаби манъ будани ашъори Ҳоҷӣ ӯ барои рӯзгору осори шуарои Истаравшан таҳқиқот оғоз карда, муҳити адабии онро ҷиддӣ меомӯзад. Махусан, диққати ӯро ҳаёт ва фаъолияти Нодими Истаравшанӣ ҷалб мекунад. Нодим яке аз намояндагони барҷастаи доираи адабии Истаравшан дар асри XVIII ва ибтидои XIX мебошад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ рисолаи худро ба итмом расонида, соли 1985 дар мавзӯи «Нодими Истаравшанӣ муҳити адабии замони ӯ» рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Ӯ кофтуковҳои худро доир ба муҳити адабии Истаравшан идома дода, осори боқимондаи қариб 750 шоирони Истаравшанро ҷамъоварӣ ва ба шакли тазкира ба чоп омода намудааст, ки интизори нашранд. Дар бораи бархе аз чеҳраҳои тобон ва таъсиргузори муҳити адабии Истаравшан бошад, ба таври алоҳида рисола навишта, мунтахаби ашъор ё девони мукаммалашонро ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, осори Муҳаммадсолеҳи Нодим, Шаҳдии Истаравшанӣ ва ғайраро ба таври китобҳои алоҳида ва намунаи ашъори қариб 45 шоири Истаравшаниро аз нимаи 2-юми асри XVIII то охири асри XIX дар «Тазкираи суханварони Истаравшан» гирдоварӣ намудааст, ки соли 2012 ба дасти хонанда расид.

Таҳқиқотҳои Саидумари Султон дар бораи шуарои Истаравшанро ёдовар шуда, доир ба яке аз онҳо мехоҳам махсусан ёдовар шавам. Ин нафар Комилхоҷи Накҳат нобиғаест, ки дар синни 16 – солагӣ аз дунё гузаштааст, аммо аз худ девони мукаммале боқӣ гузошт, ки аз 188 ғазал 33 рубоӣ, 47 фард, се мухаммас, ҷамъ 2319 байт иборат мебошад. Дар бораи Накҳати ғурамарг тазкиранависони машҳури давр Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Мирсиддиқи Ҳашмат, Садри Зиё ва Садриддин Айнӣ ёдоварӣ карда, аз марги ӯ ҷигар пора кардаанд. С.Султон дар натиҷаи кофтуковҳои дурудароз девони ин шоири ҷавонмаргро пайдо карда, бори аввал соли 1976 тариқи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» таҳти унвони «Шоири 16 – сола» маълумот дод ва соли 1980 намунаи 30 ғазали ӯро тариқи маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп намуд ва билохира девони мукаммали ӯро таҳти унвони «Султони мулки сухан» бо сарсухани гаронбаҳое аз чоп баровард.

Мероси Саидумари Султон

вироиш

Дар умум, С.Султонов дар заминаи тадқиқотҳо рӯзгор ва осори 2000 адиби номаълумро муайян намудааст, ки 750 нафари он аз Истаравшан мебошанд. Ӯ дар мавриди шуарои Истаравшан зиёда аз 50 асар таълиф кардааст, ки интизори чопанд.

Ҳамчунин, «Тазкираи суханварони Хуҷанд» (4 ҷилд), «Тазкираи хушгӯёни Истаравшанӣ (4 ҷилд), «Таърихи зудуда» асарҳои калонҳаҷм ва арзиманди ӯ мебошанд, ки то ҳол ба дасти хонанда нарасидааст. Шогирдони ин олими пуркор матолиби дар матбуот нашршуда ва мақолаҳои номатбӯъашро дар 15 ҷилд гирдоварӣ кардаанд, ки тақдири чоп шудани онҳо низ номаълум аст.

С.Султон дар мавриди хаттон низ як силсила таҳқиқот анҷом дода, дар мавриди онҳо низ мақолаҳо навиштааст. Аз ҷумла, мақолаҳои ӯ дар «Энсеклопедияи адабиёт ва санъат», «Энсеклопедияи советии тоҷик» ва рисоли «Назаре ба рӯзгор ва осори хушнависони Истаравшан» (1997 – Сурушан арзиши баланди илмиро доро ҳастанд. мебошад. Тадқиқотҳои С.Султон танҳо ба адабиёти классикӣ маҳдуд намешаванд. Ӯ доир ба адабиёти муосир ва ҷаҳон низ тадқиқотҳо бурдааст. Мақолаҳои ӯ дар бораи Мирзо Турсунзода, Баҳром Сирус, шоирони Литва Саломея Нерис, Владес Шимкас ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд. Устод С.Султон, ҳамчунин, адиби рангинхаёл мебошад, ки ҳанӯз аз замонҳои шӯравӣ бо тахаллуси Кавкабӣ шеър мегӯяд ва дар баробари ин асарҳои зиёди халқҳои бародариро тарҷума кардааст. Солҳои охир ӯ дар мавриди саҳифаҳои норӯшани таърихи тоҷикон таҳқиқотҳо анҷом додааст, ки пораҳои он таҳти унвони «Зардушт кист?» ва «Таърихи фаромӯшшуда» ба дасти хонандагон расидааст. Айни ҳол китоби ӯ таҳти унвони «Таърихи зудуда» омодаи чоп асту интизори сарпараст.[1]

Адабиёт

вироиш
  • Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009. - 288 с.
  1. 1.0 1.1 Олими саршиноси тоҷик Саидумари Султон даргузашт(тоҷ.). www.pressa.tj. 8 августи 2021 санҷида шуд.