Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ

(Тағйири масир аз Шаҳдии Истаравшанӣ)

Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ (1760[1], Истаравшан — 1839[1], ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик, фарзанди Кӯчаки Истаравшанӣ.

Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ

Зиндаинома

вироиш

Аз оилаи ҳалвогар. Маълумоти ибтидоиро дар оила ва назди мактабдори гузар гирифта, таҳсили минбаъдаашро дар мадрасаи Кукгунбази Истаравшан идома дод. Аз хурдӣ эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарро аз худ намуда, дар ҳамон давра ба шеъргуӣ cap кардааст.

Мероси адабӣ

вироиш

Аз Шаҳдӣ девоне боқӣ мондааст, ки 987 ғазал, 38 мухаммас, як соқинома — ҳамагӣ 18 ҳазору 629 мисраъро дарбар мегирад. Шаҳдӣ достони ҷангие низ доштааст, вале он то замони мо нарасидааст. Дар эҷодиёти Шаҳдӣ ғазал мавқеи асосӣ дорад. Дар шеърҳои ишқии Шаҳдӣ таъсири тасаввуф дида мешавад. Дар чанде аз шеърҳояш ӯ аз ҷабру зулми хони Хуқанд Умархон нолидааст. Барои ошкоро гуфтани ашъори танқидӣ ва дучори таъқиб нагардидан Шаҳдӣ худро ба девонаги мезад:

Баски дорам доғҳо сад гуна пайкон дар ҷигар,
Оқилам, девонасон занҷир бар по кардаам.

Аз девони Шаҳдӣ 30 нусхаи дастнавис то замони мо боқӣ мондааст, ки онҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АИ Тоҷикистон. Институти шарқшиносии АИ Узбекистон, Китобхонаи ба номи Ибни Синои Бухоро маҳфузанд.

  1. 1.0 1.1 Каромиддин Ҷонмаҳмадов. Шаҳдӣ ва осори ӯ. ovozitojik.uz. Рӯзномаи «Овози тоҷик» (24 июли 2020). 26 июни 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Шаҳдӣ Ҳоҷимуҳаммад / С. Султонов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).