Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ (Бурҳонов Юнус Аббосович[1]; 13 декабри 1969, Ӯротеппа, ҶШС Тоҷикистон) — донишманди дин, устоди фалсафа ва ҳикмат ва коршиноси масоили сиёсӣ мебошад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бурҳонов Юнус Аббосович
Таърихи таваллуд 13 декабр 1969(1969-12-13) (53 сол)
Зодгоҳ Ӯротеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Падар Аббос Бурҳонов
Модар Офиятхон Сафоева

ЗиндагиномаВироиш

Сайидюнуси Истаравшанӣ 13 декабри соли 1969 дар шаҳри Истаравшани Тоҷикистон зода шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, вориди Донишкадаи рассомии шаҳри Саратови Русия шуд, вале соли 1989 онро нотамом гузошта озими шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуд ва дар маҳзари Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ чанд соле ба таҳсили улуми динӣ пардохт[2].

Истаравшанӣ аз соли 1994 то соли 1999 дар Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон дар риштаи фалсафа ва маорифи исломӣ таҳсил ва дар соли 2001 вориди Донишгоҳи Димишқи Сурия дар риштаи «Фалсафа ва ҳикмат» шуд ва то соли 2007 машғули таҳсил дар ин маркази илмӣ буд ва ноил ба дарёфти мадраки коршиносии аршад (фавқуллисонс)-и ҳамин ришта шуд.

Ӯ аз соли 2008 то охирҳои соли 2014, ҳамзамон бо таҳсил дар риштаи Иҷтиҳоди исломӣ, ҳамчунин дар Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон ба ҳайси устоди фалсафа машғул ба кор шуд.

Алон Сайидюнуси Истаравшанӣ устоди фалсафа ва ҳикмат дар яке аз донишгоҳҳои машҳури Ховари Миёнаанд.

ТаълифотВироиш

Истаравшанӣ дорои беш аз 21 таълиф (аз ҷумла «Бидоят-ул-мубтадӣ», «Омӯзиши мантиқ», «Дарсҳое аз ахлоқ», «Даромаде бар балоғат ва фасоҳати арабӣ», «Германавтика аз нигоҳи Хойдегер», «Омӯзаҳое аз Қуръон» ва ғайра) ва низ мақолоти илмӣ ва таълиқот бар кутуби мухталифи динӣ ва фалсафӣ мебошад[2].

Фаъолияти сиёсӣВироиш

Анҷумани Озодандешони ТоҷикВироиш

Дар 12-уми феврали соли 2018, 6 нафар аз зиёиёни тоҷик, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳам байни онҳо буд, хабар аз таъсиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик доданд.

ЭзоҳВироиш

  1. ОЁ ШИЪА ШУДАНИ НАҲЗАТИЁН ТУҲМАТ АСТ? Далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ "Ховар". 3 июли 2018 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Муаллиф(тоҷ.), Кимиёи саодат (10 марти 2015). Бойгонӣ шудааст 3 май 2017  сол. Проверено 13 Декабри 2017.

ПайвандҳоВироиш