Сайид Абдуллоҳ Сайидхокии Самарқандӣ

Сайид Абдуллоҳ Сайидхокии Самарқандӣ (? — 1690, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Сайид Абдуллоҳ Сайидхокии Самарқандӣ

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи ахбори Малеҳои Самарқандӣ Сайид Абдуллоҳ аз хурдсолӣ ба омӯзиши илму адаб камар баста будааст; баъдтар дар бозори Самарқанд бо ҷамъоварӣ ва фурӯши китоб машғул шудааст. Дар ибтидо «Сайидо» тахаллус мекардааст, вале баъди он, ки Сайидои Насафӣ низ бо ин тахаллус шеър эҷод мекунад, байни онҳо дар Самарқанд баҳсе баргузор гардид ва Сайид Абдуллоҳ «Сайид» тахаллус мекунад.

Мероси адабӣ

вироиш

Аз Сайид Абдуллоҳ мероси зиёде боқӣ намондааст. Дар бораи девонаш сарчашмаҳои адабӣ иттилое надодаанд. Абдулғанӣ Мирзоев муътақид аст, ки ду нусхаи дастнависи девоне, ки яке дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигаре дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфузанд, моли Сайид Абдуллоҳ мебошанд. Ба қавли Малеҳо маҳорати шоирии Сайид Абдуллоҳ баланд набудааст. Асарҳои ӯ асосан дар пайравии осори гузаштагон иншо шудаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Сайид Абдуллоҳ / Ҳ. Самадов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).